“Манфиатдор нестем, аммо вазъ талаб мекунад”. “Барқи Тоҷик” аз эҳтимоли норасоии мавсимии неруи барқ хабар дод

29.09.20230

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома аҳолиро аз эҳтимоли норасоии мавсимии неруи барқ огоҳ карда, эътироф намудааст, ки манфиатдори ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ нест, аммо вазъ инро талаб мекунад. Ин муроҷиат дар пайи шикояти сокинони баъзе манотиқи кишвар аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ нашр мешавад.

Дар муроҷиатномаи ҶСК “Барқи Тоҷик”, ки АМИТ “Ховар” интишор намуд, оид ба захираи кофии оби дарёи Вахш дар обанбори НБО Норак, аммо кам гардидани ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта иттилоъ дода шуда, бо такя ба “хулосаи мутахассисони соҳа” таъкид мегардад, ки имсол низ норасоии мавсимии неруи барқ эҳсос хоҳад шуд.

“…аз рӯи ҳисоби мутахассисони соҳа соли равон низ норасоии мавсимии неруи барқ пешгӯӣ шудааст ва  вазъи пешгӯишуда танзими реҷаи истифодаи захираҳои обу энергетикиро дар низоми энергетикии мамлакат ва истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқро дар корхонаҳо, ташкилоту  муассисаҳо ва  манзилҳои истиқоматӣ тақозо менамояд”, – навиш ин ниҳод.

Ҳамчунин, дар ин муроҷиатнома бори дигар аз аҳамияти “анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо” ёдовар шуда, зикр мекунад, ки айни ҳол “дар якчанд зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд”.

Зикр мегардад, ки дар ин ниҳод “ба маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд. Вале захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд”.

Муроҷиатномаи ҶСК “Барқи Тоҷик” замоне нашр мешавад, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ хабар медиҳанд. Онҳо мегӯянд, дар маҳалли зисташон бо ҳар баҳона интиқоли барқ қатъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ, бо оғози мавсими зимистон сокинони баъзе манотиқи кишвар аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ шикоят мекарданд, аммо масъулин инро ба анҷоми корҳои таъмирӣ рабт медоданд. Пас аз таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон барои таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ бекор шуд, аммо шикояти сокинон боз ҳам идома кард.

Бо гузашти тахминан се ҳафта аз ин таъкид, ҶСК “Барқи Тоҷик” расман эълон кард, ки дар кишвар аз 1-уми феврали соли 2023 расман маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ мешавад.

Танҳо бо фарорасии фасли баҳор маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ пурра барҳам дода шуд.

Сарчашма: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20230928/manfiatdor-nestem-ammo-vaz-talab-mekunad-bari-toik-az-etimoli-norasoii-mavsimii-nerui-bar-habar-dod

Ирсол кардани мактуб

Суроғаи эл. Шумо дар инҷо нашр намешавад. Ҳавзаҳои ҳатмӣ*

Айни савол нест. Якумин шуда савол дихед.

Ирсол кардани мактуб

Суроғаи эл. Шумо дар инҷо нашр намешавад. Ҳавзаҳои ҳатмӣ*

Айни савол нест. Якумин шуда савол дихед.

Ирсол кардани мактуб

Суроғаи эл. Шумо дар инҷо нашр намешавад. Ҳавзаҳои ҳатмӣ*

Айни савол нест. Якумин шуда савол дихед.
guest

Матни (арз, шикоят) савол бояд аз 200 рамз зиёд набошад. Бо мақсади баррасии ҳаматарафа ва объективонаи савол (арз, шикоят)-и Шумо дар матни муроҷиат суроғаи поймолгардии ҳуқуқ, факт ва ё ҳолати кор бояд қайд карда шавад, инчунин Шумо метавонед рақамҳои телефони худро қайд намоед, то ки мутахассисон барои муайян намудани ҷодаҳои шикоят, тамос гирифта бошанд.

0 - Ҳамаи саволҳо, ҷавобҳо ва шарҳҳо - Онлайн – маслиҳатҳо
Inline Feedbacks
View all comments
Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 38383 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020