Ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

06.10.2023

5 октябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи 20-уми Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз Федератсияи Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Гурҷистон, инчунин намояндагони Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин Бухор ва Раиси иҷроияи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Илҳом Абидов намояндагӣ карданд.

Дар ҷаласа ҳисобот дар бораи фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои узви ИДМ, ки дар ин бора Анна Юрьевна Попова, роҳбари Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон (Роспотребнадзор) баромад намуд, шунида шуд. Пас аз маърӯзаи Раиси Шӯро иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои татбиқи сиёсати системавӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон – шаҳрвандони давлатҳои аъзои ИДМ сухан ронда, оид ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар самти тиҷорати электронӣ диққати хоса доданд. Ҳамчунин, бо дарназардошти пешрафт дар соҳаи тиҷорати электронӣ аъзоёни Шӯро ҷиҳати омӯзиши қонунгузории пешрафтаи кишварҳои ИДМ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳифзи истеъмолкунандагон ва рушди минбаъдаи низоми қонунгузории ҳамаи кишварҳои ИДМ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, аъзоёни Шӯро, ки дар фаъолияти сохтори мазкур саҳми арзанда гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ сарфароз гардонида шуданд.

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 37996 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020