Барқтаъминкунӣ

Пайгирии таъминоти барқ

Новобаста аз он, ки мо дар ҳаёт кистем, дар кадом вазифа ҳастем, ҳолат ва сатҳи иҷтимоиамон чигуна аст, даромадамон чӣ қадар аст, ҳар яки мо дар фикри хоҷагӣ ва бароҳатии хонаамон мебошем. Аз ҳама чизи соддатарин ва зарур дар хоҷагӣ имрӯз қувваи барқ, бо фурузонак мебошад, ки бо равшании он гармии хонадон мушобеҳ мешавад, махсусан агар Шумо истиқоматкунандаи шаҳр бошед. Солҳои зиёд, истиқоматкунандагони Тоҷикистон шоҳиди мушкилиҳои зиёде бо таъминоти қувваи барқ буданд. Муаммо бо номунтазамии интиқоли қувваи барқ зиёданд. Яке аз онҳо, ин номунтазамии таъминоти барқ дар мавсими тироҳу зимистон мебошад, ки он вақти тӯлонӣ махсусан таъсирнок буд. Дар аввали мавсим ба ситеъмолкунандагон ваъда медоданд, ки онҳо ба барқ на камтар аз 12 соат дастрасӣ хоҳанд дошт, вале дар асл таъминот баъзе вақт аз 4 соат ҳам зиёд намешуд. Ин норозигии истеъмолкунандагонро афзуда, бовариашонро нисбати таъминкунандагон коҳиш медод.

Барои ворид кардани равшанӣ ба масъалаи таъминоти қувваи барқ,  пешниҳоди маълумоти алтернативии санҷидашуда оид ба таъминот, Иттифоқи истеъмолкунанагони Тоҷикистон дар соли 2012  Шабакаи миллии “БАРҚНЕСТ” – ро таъсис дод, ки то ба ҳол фаъолият дорад.  Шабакаи мазкур аз 60 ихтиёрӣ (волонтёр), ки дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон истиқомат мекунанд иборат мебошад. Ихтиёриён ҳамарӯза  маълумотро дар бораи интиқоли барқ ба идораи асосии Иттифоқ ирсол менамоянд, ки он минбаъд аз ҷониби муттахассисони ташкилот ба қисмати “Пайгирии барқтаъминкунӣ”-и  сомонаи мазкур ворид карда мешавад.  Дар ин қисмати сомона шахсони манфиатдор метавонанд маълумотро оид ба таъминоти барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоянд.

Давлат низ, саҳми муайянро дар беҳтар кардани ҳолати барқтаъминкунӣ  мегузорад. Алалхусус ин қабули ва амалиагрдонии барномаҳои гуногуни маблағгузории давлат ба соҳа мебошанд, инчунин сохтмони нерӯгоҳҳо ва ба сиифода додани онҳо ва албатта қонунгузорие, ки чорчӯбаҳои танзимкунандаи муносибатҳои миёни таминкуанадагон ва истеъмолкунандагони қувваи барқро муайян мекунанд. Чорчӯбаҳои мазкур имкон доданд, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо аниқ муқаррар карда шаванд. Вазифаи мо имрӯз ин мусоидат кардан ба татбиқи амалии меъёрҳои қонунгузор бо роҳи иҷрои ӯҳдадориҳоямон, ки дар назди таъминкуаннда дорем ва талаби иҷрои ҳуқуқҳои худ аз таъминкунанда мебошад.

Тавассути истинодҳои зерин Шумо метавонед маълумот ва маслиҳатҳои муфиди зиёдеро барои худатон пайдо намоед:

 

«МАҲВИ БЕСАВОДӢ»                                                  «ҚОНУНГУЗОРӢ»                            «НАРХНОМАҲО»

«ИСТИНОДҲОИ МАНФИАТНОК»                        «МАРДУМ ҶӢ МЕГӮЯД?»                    «НАШРИЁТИ МО»

 

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 37682 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020