Хотираи дуюм доштани ҳисобкунаки барқӣ

21.07.20220

Истеъмолкунанда Л.Н. бо ариза оид ба ҳифзи ҳуқуқҳояш муроҷиат намуда, қайд кардааст, ки санаи назоратчии барқ ба хонааш омада, иброз намудааст, ки ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматиаш нодуруст кор мекардааст, яъне бо нишондоди кам кор менамудааст. Эроди назоратчиро ба инобат гирифта, истеъмолкунанда хоҳиш менамояд, ки бо далели мушаххас гуфтаи худро тасдиқ намояд. Дар ҷавоб назоратчӣ иброз менамояд, ки барои муайян кардани ин ҳолат, ҳисобкунакро ба озмоишгоҳ бурда, аз санҷиш гузаронидан лозим аст. Истеъмолкунанда хоҳиш менамояд, ки худи назоратчӣ ҳисобкунаки барқиро ҳамчун мутахассис кушода, ба истеъмолкунанда диҳад. Назоратчӣ ҳисобкунакро кушода, санад оиди муоинаи техникӣ тартиб дода, ба истеъмолкунанда супоридааст.

Истеъмолкунанда дар асоси санади тартибдодаи назоратчӣ, ҳисобкунаки барқиро ба озмоишгоҳи Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе бурда супоридааст. Пас аз як ҳафта истеъмолкунанда ба озмоишгоҳи Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе рафта, хулосаи ташхис ва шаҳодатнома дар бораи санҷиши мутобиқати давлатии воситаи ченакро гирифта, хабардор мешавад, ки ҳисобкунак аз кор баромадаасту бо хатогӣ кор мекардааст.  Баъди таъмири ҳисобкунак, назоратчӣ санад тартиб дода, тамғагузорӣ намуда, ҳисобкунакро дар ҷояш насб намудааст.

Баъди насби ҳисокунак ба истеъмолкунанда расид оид ба истифодаи барқ ба маблағи 487,17 сомонӣ пешниҳод карда шудааст. Қарзи ҳисобнамудаи назоратчиро дида, истеъмолкунанда дар ҳайрат мемонад, ки аз куҷо ин қарз пайдо шуда бошад, чунки ӯ саривақт ҳаққи истифодаи қувваи барқро пардохт менамуд. Ӯ дар ҳол ба назоратчӣ занг зада, оиди ҳолати мазкур пурсон шудааст, дар ҷавоб назоратчӣ иброз намудааст, ки қарзи мазкурро хотираи дуюми ҳисобкунаки барқӣ ҳисобӣ намудааст.

Истеъмолкунанда баён менамояд, ки ин қарзи пайдошуда бо айби назоратчиён ба вуҷуд омадааст, чунки онҳо бояд саривақт дуруст кор кардани ҳисобкунаки барқиро назорат менамуданд. Бар замми ин, ҳисобкунак берун аз манзили истиқоматии истеъмолкунанда қарор дораду дар тӯли 11 моҳи соли якчанд назоратчӣ иваз гардидааст. Дар тӯли ин 11 моҳ бояд  онҳо сари вақт камбудии ҳисобкунакро ошкор менамуданд, чунки вазифаи асосии онҳо назорати кори ҳисобкунаки барқӣ мебошад.

Эродҳои овардаи истеъмолкунандаро намояндагони таъминкунандаи барқ ба инобат нагирифа, иброз намудаанд, ки новобаста аз он, ки бо айби назоратчиён ҳисобкунак нодуруст кор кардааст, қарзи бавуҷуд омадаро ӯ вазифадор аст, ки супорад.

Баҳри ҳалли масъалаи мазкур, Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ба суроғаи таъминкунандаи барқ  бо иддао муроҷиат намуд. Дар иддао ҳамаи ҳолатҳои кор, ваҷҳҳо оид ба вайрон шудани ҳуқуқи истеъмолкунанда, талаботи қонунгузор ва оқибати иҷро накардани талаботи қонунии истеъмолкунанда оварда шуда буд. Бинобар он, ки талаботи қонунии истеъмолкунанда дар марҳилаи то суди қонеъ карда нашуд, Иттифоқ бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуд.

Дар рафти баррасии парвандаи судӣ, ҷавобгар бо истеъмолкунанда ба созиш омаданд, яъне қарзи беасоси ҳисобишуда, аз ҷониби ҷавобгар аз эътибор соқит карда шуд. Аз ин лиҳоз парвандаи судӣ аз истеҳсолот қатъ карда шуд.

Ирсол кардани мактуб

Суроғаи эл. Шумо дар инҷо нашр намешавад. Ҳавзаҳои ҳатмӣ*

Айни савол нест. Якумин шуда савол дихед.

Ирсол кардани мактуб

Суроғаи эл. Шумо дар инҷо нашр намешавад. Ҳавзаҳои ҳатмӣ*

Айни савол нест. Якумин шуда савол дихед.

Ирсол кардани мактуб

Суроғаи эл. Шумо дар инҷо нашр намешавад. Ҳавзаҳои ҳатмӣ*

Айни савол нест. Якумин шуда савол дихед.
guest

Матни (арз, шикоят) савол бояд аз 200 рамз зиёд набошад. Бо мақсади баррасии ҳаматарафа ва объективонаи савол (арз, шикоят)-и Шумо дар матни муроҷиат суроғаи поймолгардии ҳуқуқ, факт ва ё ҳолати кор бояд қайд карда шавад, инчунин Шумо метавонед рақамҳои телефони худро қайд намоед, то ки мутахассисон барои муайян намудани ҷодаҳои шикоят, тамос гирифта бошанд.

0 - Ҳамаи саволҳо, ҷавобҳо ва шарҳҳо - Онлайн – маслиҳатҳо
Inline Feedbacks
View all comments
Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 38356 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020