15 март – Рӯзи байналмилалии ҳимояи истеъмолкунандагон

15.03.2023

Истеъмолкунандагони мӯҳтарам!

Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи истеъмолкунандагон, ки имрӯз – 15 март таҷлил мешавад, табрик мегӯяд. Ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва дар ҳама кор барори кор орзумандем. Бигзор ҳама харидҳоятон муваффақ ва хидматҳои пешниҳодшуда бо сифати баланд бошанд!

Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Ҳаятт Реҷенси” мизи мудаввар ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Агентии «Тоҷикстандарт», Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ, Бонки миллӣ, Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, инчунин намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои гуногун дар Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои мубрами ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи маҳсулоти хӯрокворӣ, маориф, тиб ва инчунин хизматрасониҳои бонкӣ баррасӣ шуданд. Тарафҳо таъкид карданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолият байни сохторҳои ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии молу хизматрасониҳо хеле

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 37994 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020