Пайвастшавӣ ба шабакаи телевизионии ноқилӣ

20.08.2021

Истеъмолкунанда Р.И. бо ариза муроҷиат намуда қайд намуд, ки дар назди ҳавлии бинои истиқоматии онҳо, дар варақаҳо оид ба пешниҳоди хизматрасонии телевизиони нокелӣ   тақсим карда мешуданд. Панҷ оила, аз он ҷумла шаҳрванд Р.И. барои пайваст гардидан ба ин хизматрасонӣ розӣ шуданд. Намояндагони ширкат омада, хизматрасонии телевизиони ноқилиро пайваст намуданд. Дар аввал, ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ба дараҷаи олӣ намоиш дода мешуданд. Баъди чанд вақт, хизматрасонӣ ба онҳо қатъ карда мешавад. Истеъмолкунандагон сабаби қатъ шудани хизматрасониро ҷустуҷӯ намуда, муайян менамоянд, ки онҳоро ғайриқонунӣ ба хати бегона пайваст намуда будаанд. Дар муддати як ҳафта истеъмолкунандагон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки онҳоро дубора ба шабака пайваст намоянд. Баъди дубора пайваст намудан, гоҳ мавҷ ва гоҳе шабакаҳои телевизионӣ гум мешаванд, гоҳе истеъмолкунандагон интизори намояндагони ширкати хизматрасон барои бартараф кардани нуқсон ҳозир мешаванд.

Иттифоқ ба суроғаи ширкати хизматрасон бо иддао муроҷиат намуда дар он ҳамаи ҳолатҳои кор, ваҷҳҳо оид ба вайрон шудани ҳуқуқи истеъмолкунанда, талаботи қонунгузор ва оқибати иҷро накардани талаботи қонунии истеъмолкунанда оварда қайд намуд.

Дар давоми як ҳафтаи пас аз қабули иддао, хизматрасон ҳамаи нуқсониҳоро бартараф намуда, ба истеъмолкунанда хизматрасониро  бо сифати муносиб ба роҳ монд.

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 37921 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020