Лағмони деринтизор

21.07.20220

Истеъмолкунандагон Ш.Ф. ва Д.Т. бо ҳаваси зиёд барои хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ ба яке аз ошхонаҳои пойтахт рафтаанд. Онҳо дар ошхона лағмон фармоиш доданд. Ба ғайр аз ин, истеъмолкунандагон як чойник чойи сиёҳ ва ду дона кулча фармоиш намуданд. Пешхизмат дархости онҳоро қабул намуда, изҳор намудааст, ки хӯроки фармоишдода пас аз 10 дақиқа омода шуда, ба онҳо пешкаш карда мешавад. Бо интизории зиёда аз 35 дақиқа, хӯроки фармоишдодаи истеъмолкунандагон пешниҳод карда нашудааст. Истеъмолкунандагон ба назди пешхизматҳо ва ошпазон омада, норозигии худро оиди сифати хизматрасонӣ баён намудаанд. Дар ҷавоб пешхизмат иброз намудааст, ки дар ошхона ду нафар ошпаз кор мекунанд, аз ин лиҳоз вақти онҳо барои омода намудани хӯрок намерасидааст. Инчунин, пешхизмат қайд намудааст, ки хӯроки фармоишдодаашон пас аз 15 дақиқа омода мешавад. Бинобар муддати зиёд вақти худро бо интизорӣ сарф кардан ва ба вохӯрии муҳим дер карданашон, истеъмолкунандагон аз фармоиши додаашон даст кашидаанд. Новобаста аз он, ки фармоиш аз ҷониби истеъмолкунанлагон рад карда шуд, пас аз гузаштани 10-20 дақиқа хӯроки онҳо пешниҳод карда шудааст. Истеъмолкунанда Ш.Ф. аз пешхизмат хоҳиш намудааст, ки ба ӯ китоби арзу шикоятҳоро пешниҳод намояд. Дар ҷавоб пешхизмат иброз намудааст, ки чунин китоби арзу шикоятро онҳо надоранд. Ш. Ф. хоҳиш намудааст, ки маъмурияти ошхонаро даъват намоянд, то ин, ки аз ӯ овардани китоби арзу шикоятҳоро талаб намояд. Баъдан яке аз маъмурони ошхона ҳозир шуда, китоби арзу шикоятҳоро ба онҳо пешниҳод намудааст. Китоби арзу шикоятҳои ба онҳо пешниҳодгардида тамоман ба талаботҳои қонун ҷавобгӯ набудааст, яъне саҳифаҳои китоби мазкур на рақам дорад, на муҳру имзои шахси масъул ва дилхоҳ саҳифаи онро ҳар касе хоҳад метавонад озодона аз китоб ҷудо намояд.

Дар натиҷаи пешниҳоди сифати пасти хизматрасонӣ дар ошхонаи мазкур, ба рӯҳия ва табъи истеъмолкунандагон зарари манфӣ расонида мешавад. Яъне онҳо бо рӯҳияи болида ба ошхонаи мазкур ворид гардида, аз он ҷо гурусна ва бо табъи хира баромадаанд.

Ҳамчунин, дар ин вақт  дигар истеъмолкунандагон низ, оиди пешниҳоди сифати пасти хизматрасонии ошхонаи мазкур шикоят намудаанд. Аз ҷумла, истеъмолкунанда Қ. Ч. дар китоби арзу шикоятҳо қайд намудааст, ки сифати пешниҳоди хизматрасонии ба онҳо расонидашуда, дар сатҳи бениҳоят паст қарор дорад. Хӯроки дархостнамудаашон ба онҳо низ, пас аз 45 дақиқа оварда шудааст. Оид ба пешниҳод шудани хӯрокашон онҳо аз пешхизмат се маротиба пурсон шуданд.

Дар асоси аризаи истеъмолкунандагон Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ба суроғаи ошхона иддао тартиб дода, пешниҳод намуд. Бо гузаштани муҳлати бо қонун муайяншуда, намояндагони ошхона ба иддао ҷавоб нагардониданд. Бинобар ин, Иттифоқ бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуд. Суд аризаи Иттифоқро баррасӣ намуда, даъворо қонеъ намуда, ошхонаро вазифадор намуд, ки сифати хизматрасониро тибқи талаботҳои Қоидаҳои хизматрасонии хӯроки ӯмумӣ ба роҳ монад ва зарари маънавии ба истеъмолкунандагон расонидашударо ба андозаи 1000 сомонӣ пардохт намояд.

Ҳамчунин суд ошхонаро вазифадор намуд, ки ки дар ҷойи барои истеъмолкунандагон намоёни дохили ошхона лавҳаи истеъмолкунандагон насб намояд. Дар лавҳа маълумот дар бораи номи фирмавии ширкат, маҳалли ҷойгиршавии он (нишонии ҳуқуқӣ), тип, дараҷа (табақа) ва тартиби кор, маълумот оид ба хизматрасониҳои дар ошхона пешниҳодшаванда, маълумоти тамоси роҳбарият (маъмурият) бо дарҷи ному насаб ва китоби арзу шикоятҳоро ҷойгир намояд.

Ирсол кардани мактуб

Суроғаи эл. Шумо дар инҷо нашр намешавад. Ҳавзаҳои ҳатмӣ*

Айни савол нест. Якумин шуда савол дихед.

Ирсол кардани мактуб

Суроғаи эл. Шумо дар инҷо нашр намешавад. Ҳавзаҳои ҳатмӣ*

Айни савол нест. Якумин шуда савол дихед.

Ирсол кардани мактуб

Суроғаи эл. Шумо дар инҷо нашр намешавад. Ҳавзаҳои ҳатмӣ*

Айни савол нест. Якумин шуда савол дихед.
guest

Матни (арз, шикоят) савол бояд аз 200 рамз зиёд набошад. Бо мақсади баррасии ҳаматарафа ва объективонаи савол (арз, шикоят)-и Шумо дар матни муроҷиат суроғаи поймолгардии ҳуқуқ, факт ва ё ҳолати кор бояд қайд карда шавад, инчунин Шумо метавонед рақамҳои телефони худро қайд намоед, то ки мутахассисон барои муайян намудани ҷодаҳои шикоят, тамос гирифта бошанд.

0 - Ҳамаи саволҳо, ҷавобҳо ва шарҳҳо - Онлайн – маслиҳатҳо
Inline Feedbacks
View all comments
Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 38356 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020