Обтаъминкунӣ

Маълумоти мухтасар:

Тибқи ҳисобҳои гуногун, имрӯз таъминоти умумии аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ тақрибан 53 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки дар шаҳрҳои кишвар то 92 фоизи аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд, дар деҳот танҳо 47 фоиз. Моҳиятан, қариб ҳар як дуюм нафари кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Лекин, ҳатто он шаҳрвандоне, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, кафолати таъмини бефосилаи об ва сифати онро надоранд.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият, раванди гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ оғоз ёфт, ки зуд дар бисёр дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба амал омад, аммо дар солҳои аввали истиқлолият дар соҳаи обтаъминкунӣ амалӣ нашуд. Аз ҷумла, на қонунҳо, на ташкилотҳои обтаъминкунӣ ва на сокинон ба тағирот омода набуданд, ки дарвоқеъ дар амал татбиқ нашуданд. Ва имрӯз дигар барои нигоҳ доштани системаҳои обтаъминкунӣ ба пул аз буҷа умед бастан лозим нест, манбаи асосии иқтисоди бозорӣ пули шаҳрвандон, истеъмолкунандагоне мебошад, ки ин системаи обтаъминкуниро истифода мебаранд. Аз ин рӯ, барои гузаштан ба механизмҳои бозоргонӣ муносибатҳои нави боэътимодро бо истеъмолкунандагон, бо аҳолии маҳаллӣ дар асоси принсипҳои шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва иштироки шаҳрвандон барқарор намудан лозим аст.

Шаҳрвандон бояд бидонанд, ки барои чӣ, ба кӣ ва чаро онҳо маблағ медиҳанд ва бар ивазаш чӣ гирифта мегиранд, аммо бархе аз аҳолӣ оид ба ин маълумоти дақиқ надорад. Масалан, чаро нархномаро баланд мебаранд, кӣ барои ҳолати техникии шабакаҳои обрасон ҷавобгар аст, мо намедонем, кӣ ва чӣ гуна бояд ҳисобкунакҳои обро хизматгузорӣ намояд, мо на ҳамеша ба ҳисобномаҳое, ки барои пардохт ба мо пешниҳод карда мешаванд ва ғайра боварӣ дорем. Ҳамаи ин ҳолатҳо аз он дарак медиҳанд, ки дар соҳаи мазкур принсипҳои шаффофият ва ҳисоботдиҳиро бояд ҷорӣ кард. Бо назардошти ин, бахшҳои зерини сомона таҳия шудаанд, ки Шумо метавонед дар он ҷо маълумоти бисёр ва маслиҳати муфидро пайдо кунед, инчунин масъалаҳои мубрами соҳаи таъминоти оби нӯшокиро ба муҳокима намоед:

 

«МАҲВИ БЕСАВОДӢ»                                                  «ҚОНУНГУЗОРӢ»                            «НАРХНОМАҲО»

«ИСТИНОДҲОИ МАНФИАТНОК»                        «МАРДУМ ҶӢ МЕГӮЯД?»                    «НАШРИЁТИ МО»

 

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
Иттифоки истемолкунандагони Точикистона © Тахиягар: ADMIN.TJ
Ба сомона 2308 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020