“Рӯ ба рӯ”. Мизҳои мудаввари минтақавӣ: “Барқтаъминкунӣ: амал ва дурнамоиҳо”.

08.12.2020

Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон бо назардошти вазъи баамаломада бо таъминоти барқ дар деҳотҷойҳо, шикоятҳои зиёди истеъмолкунандагон вобаста ба қатъкуниҳои оммавии барқ, дар асоси ҳамкориҳо бо Барқи тоҷик бо ташаббуси худ барои равшанӣ андохтани ҳолати баамаломада, байни истеъмолкунандагон ва барқтаъминкунандагон муколама намудан, баромад намуд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби ширкати холдингӣ пурра дастгирӣ шуд, ки дар натиҷа дар се минтақаи ҷумҳурӣ мизҳои мудаввари минтақавӣ ташкил ва гузаронида шуданд (НТҶ- дар шаҳри Душанбе, Хатлон-дар шаҳри Бохтар ва Суғд- дар шаҳри Хуҷанд).

Дар ҷорабиниҳо истеъмолкунандагон аз ҳисоби истиқоматкунандагони ноҳияҳо, ихтиёриёни Иттифоқи истеъмолкунандагон ва намояндагони сохторҳои Барқи тоҷик дар минтақаҳо иштирок намуданд.

Дар асоси барномаи чорабиниҳо, аввалин шуда намояндагони таъминкунанда баромад намуданд, ки маълумот оид ба масъалаҳои истеҳсол ва таъмини барқ дар фасли тирамоҳ-зимистон  пешниҳод намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар хатҳои барқтаъминкунӣ, аз аввали моҳи ноябри соли равон дар баъзе деҳотҷойҳои ноҳияҳо таъминоти барқ бо танаффус сурат мегирад.

Баъдан, ба истеъмолкунандагон имконият фароҳам оварда шуд, ки ба барқтаъминкунандагони ноҳияи худ оид ба масъалаҳои барои онҳо муҳим вобаста ба насб ва хизматгузории ҳисобкунакҳо (азнавнасбкунии ҳисобкунакҳо аз хона ба беруни ҳавлӣ), ивази ноқилҳо, насби симчӯбҳо, таъмир ва хизматгузории трансформаторҳо, инчунин танаффус дар таъмини барқ саволҳо диҳанд. Дар баробари ин, масъалаи гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар фасли тирамоҳ ба миён гузошта шуд. Оиди ин, намояндагони таъминкунда ҷавоб доданд, ки: “Гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар фасли тирамоҳ ба он алоқаманд аст, ки дар фаслҳои баҳор-тобистон талабот ба нерӯи барқ зиёд аст ва ин ба корҳои шинонидан ва обёрии замин, ки об ба воситаи насосҳои электрикӣ дода мешавад, алоқаманд мебошад. Инчунин, он ҳолатро ба инобат гирифтан зарур аст, ки нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ дар фасли тобистон бе қувваи барқ ғайриимкон аст”.

Дар фарҷоми чорабиниҳо намояндагони таъминкунандаи барқ қайд намуданд, ки вақтҳои наздик корҳои таъмирӣ-профилактикӣ ба анҷом расонида мешаванд ва таъминоти барқ бе танаффус ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, таъминкунандагон даъват ба амал оварданд, ки истеъмолкунандагон қувваи барқро дар фаслҳои тарамоҳ-зимистон сарфакорона истафода баранд.

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 5364 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020