Мизи мудаввар дар мавзӯи «Идоракунии муносиб ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ»

08.08.2016
Дар толори «Душанбе Плаза» бо ташаббуси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Идоракунии муносиб ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ» баргузор гардид.
Дар мизи гирд намояндагони КВД «Обу корези шаҳри Душанбе», намояндагони Хадамоти зидди инҳисории кишвар ва як гуруҳи истеъмолкунандагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Тавре дар оғози чорабинӣ Илҳом Абидов, намояндаи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон қайд намуд, ин аввалин мизи гирд дар мавзуи оби нӯшокӣ ва таъмини он ба аҳолии шаҳри Душанбе мебошад, ки аз ҷониби ин ташкилот роҳандозӣ гардида, доираи васеи истифодабарангон, мутахассисони соҳа ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунангонро ҷамъ овард. Мақсад аз ин ҷамъомад баррасии дастоварду мушкилоти соҳа, пешниҳоду маслиҳат барои беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нӯшокӣ барои аҳолӣ ва инчунин мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ба танзим даровардану истифодаи сарфакоронаи ин неъмати бебаҳои табиат буд.
Чуноне ба мушоҳида расид, баҳси истеъмолкунангон ва таъминкунандагони оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе бештар сари масъалаи дастрасии хуб надоштан ба оби ошомиданӣ дар биноҳои баландошёна ва ё фишори бениҳоят пасти он, таъмири қубурҳои обгузар, таъмини хонаҳо бо обҳисобкунакҳо ва дигар мушкилоти соҳа гарм буд. Яке аз мушкилоте, ки сари он зиёд баҳс шуд, ин огоҳ набудани истеъмолкунангони об аз ҳуқуқҳояшон буд. Масалан, истеъмолкунандагон намедонанд ҳангоми нақзи ҳуқукҳояшон дар мавриди норасоӣ ва камбудии об чӣ гуна ва ба куҷо муроҷиат намоянд. Ё ин ки дар мавриди муайян намудани сарҳади бинои истиқоматӣ, таъмиру тармими қубурҳои обгузари берун ва дохили он маълумоти кофӣ надоранд. Мисолҳое ҳам оварда шуд, ки ҳангоми ба садама дучор гардидани қубурҳои обгузар сокинон ба «ЖЭУ»-и маҳал муроҷиат намудаанд ва онҳо таъмири онро ба КВД «Обу корез» ҳавола карда, сокинонро чанд муддат сарсону саргардон сохтаанд ва ғайра.
Вале ҳарчанд аз таъсис ва фаъолияти Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон 14 сол пур шуда бошад ҳам, мутаассифона, на ҳама истеъмолкунандагон дар бораи он маълумоти кофӣ доранд ва дар ҳолати нақзи ҳуқуқҳояшон аз ҷониби таъминкунанда ва пурсидани маслиҳату машварат намедонанд ба кӣ муроҷиат намояд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанду Қӯрғонтеппа марказҳои худро ба роҳ мондааст, то мардум вобаста ба ҳама гуна масъалаҳои истеъмолӣ муроҷиат намоянд.
Инчунин, ИИТ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, гузаронидани корҳои маърифатӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тавассути баргузории семинарҳо, тренингҳо, ба воситаи баромадҳо тариқи ВАО, паҳн намудани буклетҳо, имдодҳо, доир кардани суҳбату мулоқот бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва қабулу мусоидат ба арзу шикоятҳои мардум, гузаронидани фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ фаъолияти хешро самаранок гардонида, кӯшиши расонидани нафъ ба миллати хеш намуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, моҳи июли соли 2002 таъсис дода шудааст. Мақсади ташкили ИИТ кӯмаки ҳамаҷониба барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати истеъмолкунандагон ва ташаккули бозори софдилона ва ба рақобат тобовари маҳсулоти хизматрасонӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 6019 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020