Дар Душанбе Конфронс ҷиҳати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баргузор гардид

14.03.2025

14 марти соли 2025 дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 15 март таҷлил мешавад, конфронс баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки

дар он намояндагони як қатор сохторҳо, аз ҷумла Агентии «Тоҷикстандарт», Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Бонки миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар конфронс намояндагони як катор вазорату идорахо баромад намуда, оид ба зарурияти таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон сухан ронда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ, ҳамчун истеъмолкунанда, қайд намуданд. Дар ин бора Раиси иҷроияи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон – Илҳом Абидов низ, суханронӣ намуда, қайд кард, ки имсол бо қарори Созмони ҷаҳонии истеъмолкунандагон (Consumers International) Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҳти шиори «Гузариши одилона ба тарзи ҳаёти устувор» таҷлил мегардад. Consumers International устувориро ҳамчун мушкилоти муайянкунандаи замони мо мешуморад  ва қонеъ кардани ниёзҳои имрӯза бидуни осеб ба қобилияти наслҳои оянда барои қонеъ кардани ниёзҳои худ, ин вазифаи ҳар яки мо мебошад.

Абидов қайд кард, ки даҳсолаи охир аз ҳама гармтарин буда, боду ҳавои ноустувор дар бисёр мамлакатҳо ба як чизи муқаррарӣ табдил ёфтааст, ки ба ҳаёт ва воситаҳои будубошт халал мерасонад. Дар баробари ин, аз даст додани гуногунии биологӣ ва ифлосшавӣ ба саломатии инсон ва сайёра таҳдиди афзоянда доранд. Бештар равшантар мегардад, ки оқибатҳои ин бӯҳронҳо на танҳо экологӣ, балки иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ буда, ба пешрафт дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ халал мерасонанд.

Бо назардошти ин, коршиносони Consumers International бар он ақидаанд,ки барои дар ҳудуди сайёра мондан, мо бояд дар тарзи хӯрокхӯрӣ, тарзи сафар, гармӣ, хунуккунӣ ва барқи хонаҳои худ ва маҳсулот ва хидматҳое, ки мо мехарем ва истифода мебарем, тағироти куллӣ ворид кунем. Муҳим аст, ки ҳалли устувор ва солим барои истеъмолкунандагон дастрас бошад ва гузариш набояд аз ҳисоби ҳуқуқ ва эҳтиёҷоти асосии одамон сурат гирад, балки бояд як фурсат барои пешрафт, фароҳам овардани тарзи устувори зиндагӣ барои одамон ва сайёра бошад.

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,

утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон

ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137

Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru

Иттифоқи истемолкунандагони Тоҷикистон © 2020 
Ташриф ба сомона 9269 нафар

Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020