Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” 16-сола шуд!

09.12.2020

Истеъмолкунандагони муҳтарам, расо 16 сол пеш дар ин рӯз таҳияи нави Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳукуки истеъмолкундагон” қабул карда шуд. Қонуни “нав” бисёр дигаргугиҳо ва навгониҳоро дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон овард. Бояд қайд намуд, ки дар ин қариб ҳар сол тағироту иловаҳо ворид карда мешавад. Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ, ки манфиятҳои истеъмолкунандагонро намояндагӣ мекунад, дар баробари сохторҳои давлатӣ дар пурзӯр намудани қонуни мазкур иштироки фаъолона менамояд.

Биёед мебинем, кадом ҳуқуқҳо ба истеъмолкунандагон ҳангоми хариди мол ва ё истифодаи хизматрасонӣ дода шудаанд.

Меъёрҳои қонун ба мо имконият медиҳанд, ки оид ба мол, кор ва хизматрасониҳо маълумот талаб намоем, то ин, ки мо тавонем интихоби дуруст намоем ва он чизеро харидорӣ накунем, ки ба мо мувофиқ нест. Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ба мо маълумоти нодуруст пешниҳод кунад ё сари вақт маълумоти дуруст пешниҳод накунад, дар ин ҳолат ӯ барои ба мо расонидани тарафот ва зарар  ҷавобгар мебошад.

Мо ҳуқуқ ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ) дорем. Ҳеҷ кас ҳуқук надорад моро барои хариди чизе, бидуни хоҳиши мо маҷбур намояд. Инчунин, ҳангоми хариди як мол гузоштани шарти ҳатман хариди моли дигар манъ аст. Мо ҳуқуқ дорем он чизеро харидорӣ намоем, ки ба мо лозим аст, албатта агар моли дигар қисми ҷудонашавандаи моли харидоринамудаамо набошад.

Моле (кор, хизматрасонӣ), ки мо ба даст меорем, фармоиш медиҳем ва ё истифода мебарем, бояд дорои сифати муносиб бошад ва ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти мо зарар нарасонад. Агар бо сабаби нуқсони мол ба мо зарар расонида шавад,  мо ҳуқуқ дорем ҷуброни талофӣ ва зарари ба мо расонидашударо пурра талаб намоем, аз он ҷумла ҷуброни зарари маънавӣ. Ба сифати мол фурӯшанда ҷавобгар буда, мутаносибан талабот оид ба ҷуброни зарар ба фурӯшанда пешниҳод карда мешавад.

Талаботи истеъмолкунанда оид ба моли ҳаммонанд иваз кардан,  мутаносибан кам кардани нархи хариди моли дорои сифати номатлуб, ҷуброни хароҷот аз тарафи истеъмолкунанда ё шахси сеюм барои рафъи нуқсони мол, инчунин ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи бекор кардани шартномаи хариду фурўш ба истеъмолкунанда расидааст, аз ҷониби фурўшанда бояд фавран қонеъ гардонида шавад. Агар фурӯшанда талаботи қонунии Шуморо қоне накард, Шумо метавонед ба сохторҳои давлатӣ – Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, милиса, прокуратура ва ё Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон муроҷиат намоед. Қайд менамоем, ки барои ба таъхир андохтани иҷрои талаботҳои Қонунии Шумо, фурӯшанда ӯҳдадор мегардад, ки барои ҳар як рӯзи ба таъхир андохтани талабот ноустуворона дар ҳаҷми 1% барои ҳар як рӯз пардохт намояд.

Бояд донист, ки на танҳо моли сифаташ номуносиб баргардонида мешавад, балки моли сифаташ муносиб низ,  баргардонида мешавад. Аммо барои баргардонидани моли сифаташ муносиб, қонунгузор якчанд шартҳоро муқаррар намудааст. Аввал, муҳлати баргардонидан аз 14 рӯз зиёд набошад. Дуюм, мол бояд истифода нагардида бошад. Сеюм, борҷома, борчасп, нишонаҳои фирмавӣ ва ғайра бояд нигоҳ дошта шуда бошанд. Дар ёд дошта бошед, ки на ҳама молҳои сифаташон муносиб иваз ва баргардонида мешаванд. Маводҳои доруворӣ, воситаҳои нигоҳдории шахсӣ, либоси таг, молҳои бо метраж фурӯхта мешуда, молҳои кимиёвии маишӣ ва ғ. иваз ва баргардонида намешаванд.

Истеъмолкунандагони муҳтарам, дар охир  аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ҳушёр буда, маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) бодиққат омӯзед. Агар маълумот набошад ва ё бо забони ба Шумо нофаҳмо дарҷ шуда бошад, дар ин ҳолат хубтараш онро харидорӣ накунед.

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 36150 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020