Идоракунии хуб-омили беҳбудии таъминоти мардум бо оби нӯшокӣ

19.09.2020

Рӯзе ки ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон омадем, шоҳиди ба кор даромадани пойгоҳи обкашӣ шудем.

Асомиддин Ғаффоров, сарвари  КДФ “Об ва канализатсия”-и ноҳия, ки дар айни замон раиси Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ низ мебошад, хурсандии худро пинҳон карда наметавонист.

“Заҳмати мо натиҷаи хуб дод. Тавассути ба кор андохтани пойгоҳи обкашӣ мо тавонистем аз қаъри 46 метр оби тозаи нӯшокӣ истихроҷ кунем. Қубурҳои обкашӣ низ омода аст ва рӯзҳои наздик насби онҳо оғоз меёбад”-изҳор намуд Ғаффоров.

Дигар аъзои Шӯро низ аз оби тозаи ширин истеъмол намуда, ҳисси қаноатмандии худро баён доштанд ва қайд карданд, ки барои ба  кор даромадани пойгоҳи обкашӣ  Шӯро саҳми назаррас дорад.

“Барои кандану ба истифода додани пойгоҳи обкашӣ  мо ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳурӣ  дар асоси мактуб муроҷиат кардем. Намояндагони он  омада вазъиятро омӯхтанд ва нақшаи хароҷотро тартиб дода, ба буҷети  Вазорат дохил намуданд. Шумо худ шоҳид будед, мо обро кашида баровардем ва истифода низ бурдем, ки маззаи он ширин аст”,-қайд кард сарвари идораи обтаъминкунии ноҳия.

 

Мувофиқи суханони Раиси Шӯро аз оби пойгоҳи мазкур сокинони 6 маҳаллаи шаҳраки Фархор ва ё тақрибан 1200 хоҷагӣ баҳраманд хоҳанд шуд. Ғайр  аз ин дар хонаи ҳамаи истеъмолкунандагон обченкунакҳо насб хоҳанд шуд.

Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани таъминоти об ва ҳолати беҳдошти он тадбирҳо меандешад, вале то ҳанӯз мушкилот боқӣ мондааст. Мувофиқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ  ҳоло  ҳамагӣ 47%  минтақаҳои деҳот ба хидматрасонӣ вобаста ба таъминоти об дастрасӣ доранд. Сифати об низ дар як сатҳ набуда, дар хидматрасонӣ номураттабӣ ба чашм мерасад.

Мушкилии дигар набудани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ аз ҷониби идораҳои давлатии таъминоти об мебошад, ки аз як ҷониб боиси кам шудани эътимоди муштарӣ нисбат ба идораи обтаъминкунӣ ва аз ҷониби дигар, сабаби аз хидматрасонӣ қаноатманд нашудану дар пардохти маблағ таъхир кардани ӯ мегардад. Ғайр аз ин шаҳрвандон барои баҳодиҳӣ ва  пешниҳод намудани фикру мулоҳиза  имкони кофӣ надоранд.

Мушкилии дигар набудани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ аз ҷониби идораҳои давлатии таъминоти об мебошад, ки аз як ҷониб боиси кам шудани эътимоди муштарӣ нисбат ба идораи обтаъминкунӣ ва аз ҷониби дигар, сабаби аз хидматрасонӣ қаноатманд нашудану дар пардохти маблағ таъхир кардани ӯ мегардад. Ғайр аз ин шаҳрвандон барои баҳодиҳӣ ва  пешниҳод намудани фикру мулоҳиза  имкони кофӣ надоранд.

Барои бартараф намудани ин мушкилот соли 2014  бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ ва мусоидати Дафтари Оксфам БК дар  Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон  Лоиҳаи Беҳгардонии Ҳисобдиҳии Ҷамъиятӣ дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт, ки ҳадафи он – бунёди таҳкурсӣ барои ҳамкориҳои самаранок байни истеъмолкунандагон, таъминкунандагони хидматрасонӣ ва мақомоти танзимкунанда бо мақсади мубодилаи маълумот оид ба сифати хидматрасонӣ, муҳокима намудани мухолифатҳо ва мушкилӣ  ва дар якҷоягӣ дарёфт намудани роҳи мушкилотҳо мебошад. Дар доираи Лоиҳа дар панҷ ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Фархор  Шӯрои  машваратии ҷамъиятӣ  таъсис ёфт ва ҳоло фаъолият дорад.

Шумораи аъзои Шӯрои машваратии ҷамъиятии ноҳияи Фархор 14 нафар буда, як қисми онро занон ташкил медиҳанд.  Гулсунбӣ Расулова, раиси кумитаи маҳаллаи рақами 1 низ узви Шӯро мебошад.

“Мо солҳои қабл бо об таъмин набудем. Халқ азоб мекашид. Вақте ки Шӯро ташкил ёфт ва кору фаъолияташ хуб шуд, аксарияти кӯчаҳо бо об  таъмин гашт. Обамон аввал шӯр буд, таъми нохуш дошт. Ягон либос шуста намешуд, умуман истифода бурда намешуд. Ҳозир обҳои моро чой карда, нӯшидан мумкин аст”,-мегӯяд Гулсунбӣ.

Мувофиқи маълумоти раиси Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ Асомиддин Ғаффоров  шумораи аҳолии ноҳия тақрибан 163 ҳазор нафар мебошад, ки аз онҳо 4236 нафар дар шаҳраки маркази ноҳия зиндагӣ мекунанд. Ва тақрибан  1214 хоҷагӣ аз хидматрасонии КДФ “Об ва канализатсия”-и ноҳия истифода мебаранд.

“Барои таъмини мардум бо оби тозаи нӯшокӣ реҷаи муайян тартиб додаем, ки дар асоси он пагоҳӣ-се соат ва бегоҳӣ низ се соат об дода мешавад. Мо танҳо ба  аҳолии шаҳраки

Фархор ва ҷамоатҳои Ғалаба ва Ғайрат имкони додани оби тозаро дорем.  Дар баъзе ҷамоатҳо оби тозаи нӯшокӣ нест ва онҳо аз оби канал истифода мебаранд ”,-қайд намуд мусоҳиби мо.

Асомиддин Ғаффоров мегӯяд, ки  бо аъзои  Шӯрои ҷамъиятӣ  якҷоя кор карда,  ба қадри имкон камбудиҳоро  бартараф карда истодаанд.

“ Кадом вақте мо аъзои Шӯроро даъват кунем, дарҳол ҷамъ мешаванд.  Кадом масъалае набошад, хоҳ  масъалаи шартномабандӣ  ё  рӯй додани садама, мо дарҳол бо аъзои Шӯро машварат карда, роҳи ҳалли мушкилотро пайдо мекунем”,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфти раис вобаста ба  масъалаи бастани  шартномаи  байни идораи об бо аҳолӣ каме нофаҳмӣ вуҷуд дорад.  Мувофиқи суханони ӯ ҳарчанд, ки дар шартнома реҷаи додани об, маблағ мушаххас нишон дода шудааст, то ҳанӯз на ҳамаи мардум тайёранд бо идораи об шартнома имзо кунанд. Мушкили дигар, насби  ҳисобкунакҳо мебошад.

“Мо ба назди аҳолӣ рафта, фаҳмонда истодаем, ки ҳисобкунак  шинонанд. Ҳисобу китоб аз рӯи онҳо осон аст. Мо мефаҳмонем, ки худи об бепул аст, ин маблағ барои хидматрасонии идораи обтаъминкунӣ мебошад.  Маблағ, ки зиёдтар ҷамъ шуд, мо метавонем боз дар ягон маҳаллаи дигар чоҳи нав канда, аҳолиро бо оби хушсифат таъмин намоем”,-қайд кард раис.

Ба гуфти ӯ мушкили сеюм сари вақт ҷамъ оварда натавонистани маблағ аст.

“Вақти ба назди муштарӣ меравем, онҳо мегӯянд, ки мо ҳоло маош нагирифтаем, агар гирем, маблағи шуморо пардохт мекунем”-,мегӯяд ӯ.

Мувофиқи суханони  раиси Шӯро  дар раванди баланд бардоштани  огоҳии мардум ва ширкати фаъолонаи онҳо дар беҳтар намудани раванди обтаъминкунӣ нақши рӯзномаи ноҳиявии “Гулистон” хеле назаррас аст.  Муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ, ки  узви Шӯро мебошад, вобаста ба масъалаи обтаъминкунӣ маводҳои тарғиботӣ нашр менамояд.

Ба қавли  раиси Шӯрои ҷамъиятӣ мардум тавассути телефон, инчунин, бо воситаи раисони маҳаллаҳо ва шӯъбаи муштариён мушкилот ё пешниҳодҳои худро баён  мекунанд. Арзу дархостҳои онҳо ба барномаи махсуси “Диспетчер” ворид карда шуда, мавриди таҳлил қарор мегирад.

“То имрӯз беш аз 40 дархосту муроҷиати мардум ба дасти мо расидааст. Пас аз ворид шудани дархост мо бо аъзои Шӯро ва раисони маҳаллаҳо  онро муҳокима карда, он масъаларо ҳал намудем.

Дигар мусоҳибон зикр карданд, ки нақши аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар бартараф кардани садамаҳои қубурҳои обкашӣ хеле назаррас мебошад.

“Мо дар як моҳ гоҳе ду маротиба, гоҳе -агар ягон кори фаврӣ барояд, се маротиба ҷамъ мешавем. Дар ноҳия агар дар ягон нуқтаи обгузар  садама рӯй диҳад, аз як рӯз тӯл намекашад”,-мегӯяд Гулсунбӣ Расулова.

Иқдоми дигари хуби Шӯрои машваратии ҷамъиятии ноҳияи Фархор гузаронидани пурсиш дар байни аҳолӣ бо номи “Кортҳои алоқаи баръакс” мебошад.  Ин пурсиш  имкон медиҳад, фикру мулоҳизаи истифодабарандагони об вобаста ба эътимоднокии хидматрасониҳои КДФ “Об ва канализатсия”-и ноҳия муайян карда шавад. Масалан, тибқи пурсиши охирин, ки аз 100 корти тақсимшуда, 60-тои он мавриди таҳлил қарор гирифтааст, ба суоли “Оё дар шартнома реҷаи таъминоти оби нӯшокӣ муайян шудааст?”-85 фоизи мусоҳибон посухи мусбӣ додаанд ва 15 фоиз ҷавоби манфӣ. Инчунин 87% гуфтаанд, ки реҷаи мазкур аз ҷониби КДФ “Об ва канализатсия”-и ноҳия риоя мегардад. Дар маҷмӯъ, тақрибан 50 фоизи мусоҳибон  фаъолияти ин идораро хуб арзёбӣ намудаанд.

Лутфия, cокини ноҳияи Фархор  аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ва идораи обтаъминкунӣ  қаноатманд аст. Ӯ қайд намуд, ки  реҷаи додани оби нӯшокӣ риоя мегардад ва оилаи онҳо аз об танқисӣ намекашанд. Лутфия дар хонааш ҳисобкунаки обӣ насб кардааст ва мегӯяд, ки маблағи истифодаи обро сари вақт пардохт мекунад.

Шӯрои  машваратии ҷамъиятии ноҳияи Фархор ва раиси он нақшаҳои хубе доранд.

“Аз сабаби он ки маззаи оби мо каме шӯру тунд аст, иншоаллоҳ, ҳаракат карда истодаем, соли 2018  боз ду чоҳи дигарро омода намуда,  оби ширин  барорему аҳолии ноҳияро бо оби нӯшидании хушсифат таъмин кунем”,-изҳори умед намуд раиси Шӯрои машваратии ҷамъиятии ноҳияи Фархор.

©Команда проекта “TWISA”

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 37780 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020