Хабарҳо

Имрӯз иди ҳама, истеъмолкунандагон ва ҳимоятгарони онҳо мебошад. Бинобар ин, муҳтарам ҳамкасбон ва истеъмолкунандагон! Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ҳамаи Шуморо бо Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муборакбод намуда, ба Шумо дар ин рӯз оид ба ҳуқуқҳои асосиатон хотиррасон менамояд, ки инҳо: ҳуқуқ ба бехатарӣ, ҳуқуқ ба маълумоти дуруст, ҳуқуқ ба интихоби озод, ҳуқуқ ба шунида шудан,...

Чанд рӯзи ахир хабару паёмакҳо дар ин бора ба нигаронии беҳад зиёди ҷомеа боис гардиданд. Дар посух ба нигаронии беҳад зиёди шаҳрвандон дар робита ба болоравии тарифҳои операторони мобилӣ дар Тоҷикистон Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ расман изҳор дошт, ки тарифҳо боло бурда намешаванд. Қарор дар ин бора дар саҳифаи расмии Хадамот дар Facebook нашр шудааст. Дар...

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумат ба амал баромад, ки дар асоси он соҳибони телефонҳои «ғайриқонунӣ» аз хизматрасонии  алоқа истифода бурда наметавонанд. Хомӯшкунии дастгоҳҳое, ки идентификатори байналмилалии онҳо (IMEI) ба махзани маълумот   дохил нашудааст, аз ҷониби оператори низоми давлатӣ — ширкати ваколатдори «Нет  Солюшенс»  анҷом меёбад. Мақсади  тадбирҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ — мубориза бар зидди  қочоқ...

http://istemol.tj/wp-content/uploads/2023/10/izobrazhenie_2023-10-06_095319616.png

5 октябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи 20-уми Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз Федератсияи Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Гурҷистон, инчунин намояндагони Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок...

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома аҳолиро аз эҳтимоли норасоии мавсимии неруи барқ огоҳ карда, эътироф намудааст, ки манфиатдори ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ нест, аммо вазъ инро талаб мекунад. Ин муроҷиат дар пайи шикояти сокинони баъзе манотиқи кишвар аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ нашр мешавад. Дар муроҷиатномаи ҶСК “Барқи Тоҷик”,...

Дар ин навор  метавонед ба суолҳои хеш посух ёбед. Дар Тоҷикистон бақайдгирии ҳатмии IMEI-коди телефон ва планшетҳо ҷорӣ шуд. Корбарон бо кадом мушкилот дучор мешаванд, IMEI-код чист, чӣ хел онро дуруст ба қайд гузоштан лозим аст? Ба ин саволҳо аз гузориши махсуси мазкур метавонед посух ёбед. Сарчашма: asiaplustj.info

http://istemol.tj/wp-content/uploads/2023/03/58f04e887fd4a258a28b3445106b2977-1280x640.jpeg

Истеъмолкунандагони мӯҳтарам! Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи истеъмолкунандагон, ки имрӯз – 15 март таҷлил мешавад, табрик мегӯяд. Ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва дар ҳама кор барори кор орзумандем. Бигзор ҳама харидҳоятон муваффақ ва хидматҳои пешниҳодшуда бо сифати баланд бошанд! Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории...

Истеъмолкунанда Л.Н. бо ариза оид ба ҳифзи ҳуқуқҳояш муроҷиат намуда, қайд кардааст, ки санаи назоратчии барқ ба хонааш омада, иброз намудааст, ки ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматиаш нодуруст кор мекардааст, яъне бо нишондоди кам кор менамудааст. Эроди назоратчиро ба инобат гирифта, истеъмолкунанда хоҳиш менамояд, ки бо далели мушаххас гуфтаи худро тасдиқ намояд. Дар ҷавоб назоратчӣ иброз...

Ба суроғаи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон аз тарафи истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Қ.Б. ариза оиди ҳифзи ҳуқуқҳояш ворид гаштааст. Истеъмолкунанда дар аризааш қайд намудааст, ки дар яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе  як адад либоси варзишии занона ба маблағи 300 сомонӣ харидорӣ намудааст. Либоси мазкурро истеъмолкунанда барои шиноси худ харидорӣ намудааст. Бинобар он, ки сохт ва шаклу духти...

Истеъмолкунандагон Ш.Ф. ва Д.Т. бо ҳаваси зиёд барои хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ ба яке аз ошхонаҳои пойтахт рафтаанд. Онҳо дар ошхона лағмон фармоиш доданд. Ба ғайр аз ин, истеъмолкунандагон як чойник чойи сиёҳ ва ду дона кулча фармоиш намуданд. Пешхизмат дархости онҳоро қабул намуда, изҳор намудааст, ки хӯроки фармоишдода пас аз 10 дақиқа омода шуда, ба...

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 37425 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020