Ду чипта ба самти ҳеҷкуҷо, ё:

19.10.2020

 

Ман ба ту маблағ барои чипта дода будам? –Дода будед! Парвоз бекор карда шуд? – Бекор карда шуд! Маблағ кани?

–Кадом маблағ?

Моҳи майи соли 2018 истеъмолкунанда 4 адад чипта ба хатсайри ширкати ҳавопаймоии  маҳаллӣ, ки ба самти Душанбе – Теҳрон, Теҳрон – Душанбе парвоз мекарданд, ба маблағи 8864 сомонӣ харидорӣ менамояд. Парвози мазкур ба истеъмолкунанда хело муҳим буд, зеро мақсади саёҳат –  табобати модар буд. Барои амалигардонии табобат, аз ҷониби истеъмолкунанда ҳамаи амалиёти зарурӣ, аз қабили рентген, таҳлилҳои гуногун, муоинаҳо ва ғайра гузаронида шуда буданд. Ҳамаи амалиётҳои гузаронидашуда мӯҳлати муайяне доштанд, ки пас аз даргузашти он истеъмолкунандаро мебоист ҳамаи ин амалиётро аз нав гузарад. Иловатан, рӯзи гузаронидани  ҷарроҳӣ пешакӣ муайян шуда буд, ҳамлу нақл ва меҳмонхона низ брон шуда буданд. Новобаста аз он, ки парвоз барои истеъмолкунанда хеле муҳим буд, он аввал таъхир шуда, баъдан тамоман бекор карда шуд. Бояд гуфт, ки ширкати ҳавопаймо оид ба таъхир ва бекор кардани парвоз истеъмолкунандаро пешакӣ огоҳ накарда буд  ва маблағи чиптаҳоро бар нагардонид.

Дар натиҷа, истеъмолкунанда ба ҳолати ногувор монда буд, аз як тараф бемории модар ва зарурияти табобати бетаъхир, аз тарафи дигар мӯҳлатҳои маҳдуд, ки истеъмолкунанда бояд дар вақти муайян, дар ҷои зарурӣ бошад.

Баъдан, истеъмолкунанда маҷбур

шуд, ки барои парвози саривақтӣ, ҷиптаҳоро аз ширкати хориҷӣ, бо нархи се маротиба гаронтар харидорӣ намояд. Хушбахтона дар хатсайри ширкати хориҷӣ ҷойҳои холӣ буданд ва истеъмолкунанда тавонист, ки дар вақти муайян дар ҷои муайян ҳозир шавад.

Пас аз бозгашт, истеъмолкунанда аз пайи баргардонидани маблағҳояш мешавад. Ташрифҳои зиёд ба ширкат, ирсоли чандин мактубу аризаҳо, бе натиҷа монд. Ба ҳаммаи кӯшишҳо нигоҳ накарда, истеъмолкунанда натавонист маблағашро аз ширкат гирад ва билохира ба Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Мутахассисони Иттифоқ ҳолатро пурра таҳлил намуда, ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ бо иддао муроҷиат намуданд. Ҷавоби ширкат кӯтоҳ ва возеҳ буд – маблағ нест, пулро пас аз пайдо шудани имконият мегардонем. Албатта Иттифоқи истеъмолкунандагон бо ҷавоби мазкур розӣ шуда натавониста, ба суд муроҷиат намуда буд.

Дар рафти баррасии парванда дар суд, намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ даъворо эътироф кард, гуноҳи ширкатро эътироф намуда, изҳори он намуд, ки баргардонидани маблағ, бинобар ҳолати вазнини иқтисодии ширкат, ғайриимкон аст.  Ба савол оид ба он, ки маблағи чипта куҷо шуд, намояндаи ширкат ҷавоб дода натавонист ва хоҳиш кард, ки истеъмолкунанда 50% маблағро бахшад, ки оид ба ин ҷавоби рад гирифт.

Дар натиҷаи баррасии па

рванда аз ҷониби судяи яке аз судҳои ноҳияҳои ш. Душанбе ҳалнома бароварда шуд. Суд ширкатро ӯҳдадор кард, ки маблағи истеъмолкунандаро пурра баргардонад ва ба фоидаи давлат боҷи давлатӣ супорад.

Баъдан иҷрочиёни судӣ, ҳалномаро иҷро намуданд ва маблағи истеъмолкунандаро баргардониданд.

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
© Consumers Union of Tajikistan, 2020
Ба сомона 37735 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020