Дар бораи вохӯрии ташкилотҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои аъзои СҲШ
20-22 ноябри соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти намояндагони созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Чорабинии мазкур Аз ҷониби Федератсияи ҷамъиятҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва Кумитаи рушди рақобат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Узбекистон дар ҳамкорӣ бо Маркази дипломатияи халқии СҲШ ташкил карда шуд.
Дар байни иштирокчиен шахсони мансабдори масъули сохторҳои профилии давлатӣ, инчунин намояндагони созмонҳои ҷамъиятии кишварҳои СҲШ, ки бо мушкилоти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон машғуланд, ширкат варзиданд.
Дар рафтиҷаласа ҷонибҳо оид ба доираи васеи масъалаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар кишварҳои аъзои Созмон ва дурнамои рушди ҳамкорӣ табодули иттилоот намуданд.
Дар рафти суханронӣ дар конфронс мушовири Котиботи СҲШ Шоҳрух Бобонов аҳамияти фаъолиятро оид ба такмили ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои иқтисодиёти давлатҳои аъзои Созмон қайд намуда, таъкид кард, ки тадбирҳои андешидаи онҳо дар ниҳоят ҳифзи аҳолиро таъмин намуда, барои баланд бардоштани некӯаҳволии мардум кор мебарад.
Манбаъ:https://rus.sectsco.org