Имей (IMEI)-и «сафед». Дар Тоҷикистон манъи истифодаи гаҷетҳое, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашудаанд, оғоз гардид

23.11.2023

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумат ба амал баромад, ки дар асоси он соҳибони телефонҳои «ғайриқонунӣ» аз хизматрасонии  алоқа истифода бурда наметавонанд. Хомӯшкунии дастгоҳҳое, ки идентификатори байналмилалии онҳо (IMEI) ба махзани маълумот   дохил нашудааст, аз ҷониби оператори низоми давлатӣ — ширкати ваколатдори «Нет  Солюшенс»  анҷом меёбад.

Мақсади  тадбирҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ — мубориза бар зидди  қочоқ ва дуздии гаҷетҳое мебошад, ки аз симкорт истифода менамоянд. Дар Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Узбекистон аллакай махзанҳои  ягонаи рамзҳои  IMEI таъсис дода шудаанд. Ба туфайли ин, ҳолатҳои дуздии таҷҳизот  барои фурӯш тадриҷан кам шуданд.  То  ҷоришавии бақайдгирии  ҳатмии IMEI на бештар аз 5% дастгоҳҳои мобилии дуздидашуда ба соҳибони қонунии худ баргардонида мешуданд.  Акнун, агар шумо телефон ё планшетатонро гум кунед, ба шумо танҳо лозим аст, ки IMEI-ро ба рӯйхати сиёҳ гузаронед  ва  система дастрасии дастгоҳро ба шабакаҳои мобилӣ  ғайрифаъол месозад. Дар ин сурат  дуздии  таҷҳизот  комилан бефоида аст.  Телефонҳои қалбакии «ғайриқонунӣ», ки ба стандартҳои бехатарӣ   ҷавобгӯ нестанд,  бо ҳамин роҳ  қатъ  мешаванд. Дар Тоҷикистон низ истифодаи  таҷрибаи ҷаҳонӣ чунин  ҳадафҳоро дорад.

Ширкати МегаФон Тоҷикистон ба муштариён хотиррасон менамояд, ки чӣ гуна худро аз мушкилоти эҳтимолӣ бо гаҷетҳои нав ҳифз намоянд. Барои он ки  телефони харидашуда аз шабака хомӯш карда  нашавад,  ҳангоми харидани телефон шумо бояд тафтиш намоед, ки оё IMEI-и он дар махзани ягонаи миллӣ сабт шудааст ё на. Инро тавассути рақамчинии  дархости *3366# дар дастгоҳ ё  бо воридкунии  IMEI-и он дар саҳифаи асосии сомонаи www.imei.tj анҷом додан мумкин аст. Шумо метавонед аз ҳама гуна телефон, масалан, аз дастгоҳи кӯҳнаи худ бисанҷед. Барои ин лозим аст, ки IMEI-и матлуби худро  бе фосила ба комбинатсияи *3366* илова намоед ва аломати #-ро дар охири он гузоред (комбинатсияи  намуди *3366*IMEI# ҳосил мешавад). Агар  идентификатор дар система мавҷуд набошад, пас  беҳтар аст, ки чунин дастгоҳро нахаред.

Шумо метавонед IMEI-и дастгоҳи худро тариқи рақамчинии  USSD дархости *#06# ё бо дидани рамз дар қуттие, ки гаҷет харида шудааст, пайдо намоед.

Агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакати дигар телефон харида бошад, он гоҳ ду роҳ имконпазир аст. Якум ин аст, ки фавран пас аз воридшавӣ аз хориҷа бо пур намудани эъломияи  мусофирии  шакли Т-6 дар дидбонгоҳи  гумрукӣ онро ба расмияти гумрукӣ  дарорад.  Роҳи дуюм ин аст, ки  IMEI-ро  пулакӣ давоми 30 рӯз аз лаҳзаи бозгашт ба қайд гирад. Агар  ин амалҳо иҷро нашаванд, муштарӣ ҳангоми пайвастшавии аввалин ба шабакаҳои операторони мобилӣ  SMS — огоҳӣ қабул  менамояд. Паёмаки дуюм дар бораи зарурати воридкунии IMEI ба система  рӯзи 25-ум меояд. Ва пас аз 30 рӯз дастгоҳ аз ҷониби ширкати «Нет Солюшенс», ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 ваколатдор шудааст, қатъ карда мешавад.

Шаҳрванди хориҷие, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, бояд ҳамин муҳлатҳоро риоя намояд. Агар дастгоҳи мобилии ӯ дар роуминги байналмилалӣ фаъол бошад, ба ӯ воридкунии IMEI ба системаи давлатӣ зарур нест. Вале, ҳангоми истифодаи алоқаи мобилии маҳаллӣ бе қайди  рамзи IMEI телефонро на бештар аз 30 рӯз истифода бурдан мумкин аст.

Агар телефон бо сабаби набудани IMEI дар системаи давлатӣ қатъ гардида  бошад, дар ин сурат  бояд ба ширкати «Нет  Солюшенс»  муроҷиат намоед.

Дастгоҳро танҳо бо  IMEI-рамзҳои дар рӯйхати «сафед»  ба қайд гирифташуда интихоб намоед, то ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда,  дар алоқа бимонед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Сарчашма: khovar.tj

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,

утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон

ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137

Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru

Иттифоки истемолкунандагони Точикистона © Тахиягар: ADMIN.TJ
Ба сомона 2322 нафар ташриф оварданд

Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020