Имрӯз дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзӯи: «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» муҳокимаи парламентӣ доир гардид, ки он дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ аз 1 марти соли 2021 сурат гирифт.
Тавре аз Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муҳокимаи парламентӣ ҳайати кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва молия, муовинон ва узви кумитаҳои марбутаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарону масъулони як қатор вазорату идора ва ташкилотҳои дахлдор, намояндаҳои воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи муҳокимаи парламентӣ иштирокчиён дар атрофи сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳимояи рақобат, тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии татбиқнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парламент ва Ҳукумати кишвар, вазъи риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳимояи рақобат, таъмини рақобати солим, муайян намудани мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо ибрози ақида намудаанд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда ва ҳимояи рақобат ҳамчун институти ҳуқуқии мураккаб бо аксари соҳаҳои ҳуқуқ робитаи ногусастанӣ дошта, муносибатҳои ба онҳо вобаста бо теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ мавриди танзим қарор гирифтаанд.
Дар ин замина, ба хотири таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон вазъи сифат ва бехатарии мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин тадбирҳои таъмини рақобати озод дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба ва арзёбӣ қарор дода шуда, бо муайян кардани мушкилотҳои мавҷуда ва пайгирии роҳҳои ҳаллу фасли онҳо, зарурати тасҳеҳу такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида, таҳияи барномаву тадбирҳои иловагӣ ва роҳандозии иҷрои онҳо таъкид карда шуданд.
Бо такя ба қайдҳои болозикр ва мубодилаи афкор, ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи рақамӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, масъулони вазорату идораҳои дахлдор диққати асосиро ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон, таъмини бозори дохилӣ бо молу масолеҳи босифат, тақвият бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи имрӯза, огоҳонидан, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, такмили фаъолият дар самти таъмини рақобати солим дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии соҳа ва беҳтар намудани фаъолият дар ин самт, равона намоянд.
Аз натиҷаи муҳокимаи парламентӣ вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳа тавсияҳо қабул гардид.
Сарчашма: ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.