Муроҷиати ширкати “Барқи тоҷик”

07.01.2021
Ҳамватанони муҳтарам!
Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар кишвар – дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият аз рўзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад.
МУРОҶИАТНОМАИ ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз!
Дар мамлакати мо манбаи асосии истеҳсоли нерўи барқ оби дарёҳо ба ҳисоб рафта, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли он аз рўи захираҳои об дар аввали сол ба нақша гирифта мешавад. Ин дар ҳоле, ки захира кардани об дар обанборҳо дар фасли баҳор оғоз гардида, дар фасли тобистон ба анҷом мерасад. Маҷрои оби дарёҳо ва вобаста ба он захира намудани об дар обанборҳо ба тағйирёбии иқлим, шароити обу ҳаво ва омилҳои дигари табиӣ алоқамандии бевосита дошта, пешгўии ҳолат ва сатҳи оби дарёҳо хеле душвор мебошад.
Тавре ки қаблан ба шумо иттилоъ дода будем, маҳз бо таъсири омилҳои зикршуда, яъне камшавии захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш дар соли сипаришуда ба нақшаи таъмини соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат бо нерўи барқ мушкилоти зиёд овард. Вобаста ба ин, ҳанӯз 28 июли соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон” сокинони мамлакатро ба яке аз роҳҳои асосии ҳалли мушкилоти баамаломада – сарфакории нерўи барқ даъват намуд.
Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” низ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ ба барқ як қатор чораҳои таъҷилӣ андешида шуданд. Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерўи барқ ба кишварҳои ҳамсоя қатъ карда шуд.
Бо сабаби сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳои имсола, хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори нерўгоҳи барқи обии “Норак” пеш омадааст. Ҳоло сатҳи обанбори нерўгоҳи барқи обии “Норак” дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр паст аст.
Дар Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва як силсила нерўгоҳҳои мавҷуда таҷдиду навсозӣ карда шуданд. Вале захираи об дар кишвари мо то ҳанӯз фақат ҳамин обанбори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” мебошад. Илова бар ин, Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки он бо муваффақият фаъолият дорад ва ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун” муназзам кор карда истодаанд. Вале дар баробари ин талабот ба барқ дар мамлакат сол то сол меафзояд.
Ҳамватанони азиз!
Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҷдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ гузоштани мардум нест. Вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд.
Аз ҳамаи муштариён хоҳиш менамоем, ки дар ин вазъият низ дар ҷои кор ва дар манзилҳои истиқоматии худ аз барқ сарфакорона истифода баранд ва дар бобати таъмини бештари кишвар бо нерӯи барқ саҳми худро гузоранд.
Ширкати “Барқи Тоҷик”

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,

утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон

ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137

Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru

Иттифоки истемолкунандагони Точикистона © Тахиягар: ADMIN.TJ
Ба сомона 2330 нафар ташриф оварданд

Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020