ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад. Дар ин бора дар муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми шарифи мамлакат иттилоъ дода шудааст. АМИТ «Ховар» матни пурраи муроҷиатномаро манзури хонандагон мегардонад.
«Ҳамватанони азиз!
Ба иттилои шумо мерасонем, ки дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад. Имсол бо сабаби вазъияти маълум ин амал кашол ёфт, ки барои ин аз муштариёни муҳтарам маъзарат мехоҳем.
Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва махсусан, солҳои охир дар соҳаи энергетикаи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва даҳҳо нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода супорида шуданд.
Ҳоло дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” амалӣ шуда истодааст.
Ҳамаи ин имконият фароҳам овард, ки дар кишвар аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти интиқоли барқ пурра бардошта шавад. Бояд гуфт, ки мо эҳтиёҷоти кишварро то ба имрӯз танҳо бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ таъмин карда истодаем, ки ин, албатта, самараи татбиқи сиёсати энергетикии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон бо ин, Ширкати “Барқи Тоҷик” аз тамоми муштариёни нерӯи барқ хоҳиш менамояд, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд. Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад.
Обанбори нерӯгоҳи “Норак” ҳанӯз 2 сентябри соли 2020 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шуд, вале бо сабаби дар моҳҳои охир кам шудани оби дарёи Вахш ва нисбат ба солҳои гузашта беш аз ду метр кам гардидани захираи оби обанбори нерӯгоҳ, инчунин, аз рӯи пешгӯиҳои обу ҳавошиносон хунук омадани зимистони дарпешистода ҳар як сокини кишвар бояд ба масъалаи истифода бурдани нерӯи барқ боинсофона, сарфакорона ва бо масъулияти баланд муносибат намояд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳад.
Соли ҷорӣ яке аз солҳои гармтарин ва камоб дар миқёси минтақа ва махсусан, Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо 99 фоизи нерӯи барқ аз ҳисоби об истеҳсол карда мешавад, яъне бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бевосита ва танҳо аз захираҳои об вобаста мебошад.
Бори дигар хотиррасон месозем, ки тибқи таҳлилҳо зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд. Захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне барои ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ зарурат пеш наояд, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.
Ба таваҷҷуҳи мардуми кишвар мерасонем, ки Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ гузоштани мардум нест. Роҳбарияти олии мамлакат низ доимо дар талоши таъминоти пурраи мардум бо барқ мебошад. Доир ба ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид шудааст: – «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд.
Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дар солҳои наздик ба истиқлоли энергетикӣ ноил гардем».
Бинобар ин, бори дигар хотиррасон месозем, ки фақат истифодаи сарфакоронаву оқилонаи нерӯи барқ аз ҷониби ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо кафолат медиҳад, ки мо зимистони имсоларо бе ягон маҳдудият пушти сар намоем».
Сарчашма: https://khovar.tj/2020/12/muro-iatnomai-shirkati-bar-i-to-ik-ba-mardumi-sharifi-to-ikiston/