Истеъмолкунанда дар яке аз марказҳои савдои калони ш. Душанбе ҷиҳози хоб харидорӣ намуда буд. Ҳангоми насби ҷиҳоз ӯ пай мебарад, ки дар яке аз ҷузъҳои он сӯрох буда, бо пластилин пӯшида шудааст. Истеъмолкунанда дарҳол ба усто норозигӣ баён карда, ба мағоза занг мезанад. Кормандони мағоза истеъмолкунандаро бовар мекунонанд, ки ҷиҳозро қабул кунад, онҳо ҳатман ин қисмати ҷиҳозро дар вақтҳои кӯтоҳтарин иваз хоҳанд кард. Истеъмолкунанда бовар карда, розӣ мешавад. Вале “вақтҳои кӯтоҳи” маркази савдо то ба 8 моҳ тӯл кашид. Билохира, роҳбарияти маркази савдо аз иҷрои ваъдаи додаашон даст мекашанд ва қарорашонро бо он асоснок мекунанд, ки истеъмолкунанда худаш гунаҳкор аст, ӯро мебоист иваз кардани ҷиҳозро дар тули на зиёда аз 14 рӯз пас аз харидорӣ талаб кунад.
Вобаста ба ин истеъмолкунанда ба Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон муроҷиат намуд. Дар асоси муроҷиати истеъмолкунанда мо иддао тартиб дода, ба маркази савдо ирсол намудем. Пас аз гузаштани мӯҳлати муайян, ба Иттифоқи истеъмолкунандагон аз маркази савдо ҷавоби расмӣ ба иддао ворид гашт. Дар ҷавоб, маркази савдо гуноҳашро эътироф накарда, дарҷ кардааст, ки сӯрохиро худи истеъмолкунанда пас аз насб ва қабули ҷиҳоз пай бурдааст, зиёда аз ин, аз миён алакай 5 моҳ гузаштааст. Бино бар ин маркази савдо фақат метавонад, ки қисмати ҷиҳозро иваз кунад. Вале ҷавоби мазкур на Иттифоқи истеъмолкунандагон ва на истеъмолкунандаро қонеъ накард, аз ин лиҳоз қарор қабул карда шуд, ки ба суд муроҷиат кунем.
Дар рафти баррасии масъала дар суд, намояндаи маркази савдо ҳамаи ваҷҳҳои дар ҷавоб ба иддао овардаашонро такрор кард. Ба суд маълумоти бе асос оид ба он, ки худи истеъмолкунанда гунаҳкор мебошад, ӯ барои ивази ҷиҳоз дер муроҷиат кардааст, маркази савдо наметавонад ҷиҳозро пас аз гузаштани ин қадар мӯҳлати зиёд иваз намояд. Барои тасдиқи суханони худ аз ҷониби намояндаи маркази савдо ягон далел пешниҳод нашуд. Ҳамаи суханҳои беасоси намояндаи маркази савдо бо пешниҳоди далелҳо аз ҷониби Иттифоқи истеъмолкунандагон рад карда шуданд. Дар натиҷа, мо ба ғалабаи навбатӣ ноил шудем, адолат барқарор карда шуд – суд ҳалнома қабул карда, бо он даъвои Иттифоқи истеъмолкунандагонро қонеъ карда, маркази савдоро ӯҳдадор намуд, ки маблағи 15 000 истеъмолкунандаро ба ӯ баргардонида диҳанд.