Мол, кор ва дигар хизматрасониҳо


Маълумоти мухтасар:

Ҳар яки мо дар ин ҳаёт аз чизе вобастагӣ дорем, ки барои пешбурди зиндагӣ, фаъолият ва истироҳат кардан лозиманд. Ва ин чизҳоро мо бояд бихарем. Баъзе вақт, мо ноаён ва худкорона ё автоматӣ харидорӣ менамоем. Ба нақлиёт савор шуда, мо аз хизматрасонии нақлиёт истифода мебарем, ҳангоми харидории диски нави филми дустдоштаамон, ҳангоми харидории кабудӣ, помидру бодиринг аз бозор барои хонаамон, мо дар ҳамаи ҷо истеъмолкунанда мебошем. Барои он, ки ҳамаи он чизҳои харидаамонро мо истеъмол мекунем – курткаро мепӯшем, дар яхдон маводи хӯрокаро нигоҳ медорем, дар телефони нав харидаамон мусиқӣ гӯш мекунем, ки ин низ “истеъмолкунӣ” номида мешавад. Бояд гуфт, ки ҳар як муносибат пайдоиши ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳоро дар назар дорад. Чӣ тавр мо метавонем аз ҳолатҳои одии ҳаётӣ бо сари баланд бароем – вақте, ки телевизори ба насия гирифташуда пас аз ду-се рӯзи харидорӣ вайрон шуд, ё дар хушкашӯй курткаи Шуморо баргардонанд, вале бо сабаби номаълум, бе кисаҳояш, ё Шумо худро пас аз хӯрдани торти барои рӯзи таваллуди духтарчаи дустдоштаатон харидоришуда, нороҳат ҳис кардед, ё ники хатсайри ҳавопайморо, ки бо он рафиқатон бояд парвоз мекард, қатъ карданд. Чунин ҳолатҳо бо мо қариб ҳар рӯз рух медиҳанд ва ҳеҷ кас аз ин ҳолатҳо кафолати эмин монданро надорад ва бояд дарҷ намуд, ки дар ин ҳолатҳо муайян кардани гунаҳкор мушкил аст.

Муносибатҳои мазкур бо Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” танзим карда мешавад. Фақат бо роҳи истифода бурдани меъёрҳои қонун дар амал мо метавонем на танҳо дониста бошем, ки дар ин ҳолатҳо чӣ тавр рафтор кунем, балки метавонем, худро аз бисёри чунин ҳолатҳо эимин дорем.

Истеъмолкунанда – шахсе, ки мол, кор ё хизматрасониро мехарад, ё онҳоро фармоиш медиҳад, истифода мебарад ва ё мақсади харидорӣ ё фармоиш додани онҳоро дорад. Шарти асосӣ – мол, кор ва хизматрасонӣ бояд фақат барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва оилавӣ харидорӣ шуда, бо фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд набошанд.

Истеъмолкунанда на фақат шахсе эътироф мешавад, ки мол, кор ва ё хизматрасониро харидааст, балки шахсе, ки мақсади харидориро дорад, низ, истеъмолкунанда мебошад. Яъне агар Шумо ба назди фурӯшанда барои гирифтани маълумот оид ба мол (кору хизматрасонӣ) омада бошед, пас Шумо алакай истеъмолкунанда буда, дорои ҳуқуқҳои муайян ҳастед.

Ҳолати дигар, шахс фақат дар ҳолате, ки молро барои эҳтиёҷоти шахсӣ харидорӣ намудааст ҳамчун истеъмолкунанда эътироф карда мешавад. Ҳолатҳое зиёде мешаванд, ки як мол, ҳам барои хоҷагидорӣ ва ҳам барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ истифода барда мешавад. Мисол Шумо аз бозор барои фуруши минбаъда, тарбуз харидорӣ намудед, дар ин ҳолат Шумо ҳамчун истеъмолкуаннда эътироф нашуда, ҳамчун фурушанда бароманд мекунед. Албатта дар таҷриба муайян кардани мақсади харидории мол хеле мушкил аст. Аммо, дар ҳолати сарзадани баҳс дониста бошед, ки агар тарафи дигар исбот кунад, ки Шумо молро бо мақсади пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурдаед, ҳимои ҳуқуқҳоятон ҳамчун истеъмолкунанда хело мушкил мешавад!

Бо назардошти ин, қисматҳои зерини сомона коркард шуда буданд, ки тавассути онҳо Шумо метавонед маълумот ва маслиҳатҳои муфиди зиёдро дарёфт намоед:

 

«МАҲВИ БЕСАВОДӢ»                                                  «ҚОНУНГУЗОРӢ»                            «НАРХНОМАҲО»

«ИСТИНОДҲОИ МАНФИАТНОК»                        «МАРДУМ ҶӢ МЕГӮЯД?»                    «НАШРИЁТИ МО»

 

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
Иттифоки истемолкунандагони Точикистона © Тахиягар: ADMIN.TJ
Ба сомона 2308 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020