Хизматрасонии биноҳои бисёрхонагӣ

Маълумоти мухтасар:

Пас аз таъмири хонаамон, мо дӯстон ва хешовандонамонро даъват менамоем, то ки “шоҳкории”  мутобиқи фикри мо сохтаи устоёнро бинанд. Ба саволи “Ин харҷи зиёдатӣ чӣ лозим буд?” мо бо фахр “Хонаи ман қалъаи ман аст!” гӯён посух медиҳем. Аммо каманд шахсоне андеша кунанд, ки “қалъаи мо”, як қисми бинои истиқоматӣ аст ва устувории он аз ободии тамоми бино вобастагӣ дорад. Пас аз таъмири хонаи худ, фаромӯш накунед, ки даромадгоҳ, таҳхона, зинапояҳо ва боми хона, низ ба таъмир ва нигоҳдорӣ ниёз доранд. Албатта, саволе пайдо мегардад, ки “Чаро ман?” Саволи мазкур кӯтоҳ ҳам бошад, хеле муҳим аст ва таҳлили ҷиддиро талаб мекунад. Биёед таҳлил намоем, ки “Чаро ман?”.

Аксари биноҳои истиқоматӣ дар шаҳру ноҳияҳои мо мероси замони шӯравӣ мебошанд, аз ҷумла сохтори идоракунии биноҳои истиқоматӣ. Дар замони шӯравӣ қисми асосии фонди манзил, яъне квартираҳои дар биноҳои юисёрхонагӣ қарордошта, моликияти давлатӣ буданд. Давлат биноҳои истиқоматӣ сохта, хонаҳоро ба ниёзмандон бо шартҳои баробар “тақсим” мекард. Шаҳрвандоне, ки дар навбати манзил номнавис шуда буданд, ҳангоми расидани навбаташон, соҳиби хона мешуданд. Дар сурати зиёд шудани шумораи аъзоёни оила, сардори оила ҳуқуқ ба васеъ кардани майдони истиқоматиро пайдо мекард. Давлат ба ӯ хонаи масоҳати калонтар пешниҳод мекард ва манзили истиқоматие, ки ӯ дар он истиқомат мекард, ба оилаи хурдтар дода мешуд. Шаҳрвандон дар квартираҳо ҳамчун иҷоранишин истиқомат мекарданд. Маҳз аз ҳамин сабаб, давлат идоракунӣ ва нигоҳдории фонди манзилро ба зимаи худ гирифта буд. Шаҳрвандон аз иштирок дар хароҷоти нигоҳдории бинои истиқоматӣ комилан озод набуданд, онҳо маблағи муайяни ночизеро ҳамчун пардохт барои нигоҳдории фонди манзил, дар кӯтоҳ “фонди манзил” пардохт мекарданд. Хароҷоти асоси бошад аз ҷониби давлат рупуш мешуд. Давлат таъмири даромадгоҳҳо, бомҳо, таҳхонаҳо, зинапояҳо, даромадгоҳҳо, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории замини гирди биноҳоро тавассути ташкилотҳои гуногуни нигоҳдории манзил анҷом медод. Асосан ин корхонаҳои мисоли Минтақаҳои идоракунии манзил (ЖЭУ) ва Кооперативҳои идоракунии манзил (ЖЭК) буданд.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият, дар пасманзари тағӣироти босуръати иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зарурати ҳалли зиддиятҳои дохилӣ, мутобиқшавии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ мӯҳлати зиёдро гирифт. Дар чунин шароит, соҳаи идоракунӣ ва нигоҳдории биноҳои истиқоматӣ аҳамияти худро гум кард. Идоракунӣ ва нигоҳдории фонди манзил барои давлат чун бори гарон гашт. Бонабар ин, соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Бо қабули ин қонун хусусигардонии оммавии манзилҳо оғоз ёфт. Бори аввал шаҳрвандон соҳиби манзил шуданд. Акнун онҳо метавонистанд манзили худро фурӯшанд, хадя кунанд ё иваз кунанд. Пас аз хусусигардонӣ, соҳибони «навтаъсис» -и пур аз шодӣ, ба таъмир ва беҳтар кардани шароити манзилҳои худ шурӯъ карданд – онҳо балконҳои кушодаро шишабандӣ карда, дару тирезаҳоро иваз карданд… Дар дохили биноҳо, хонаҳо обод ва торафт зеботар мешуданд, ва нумуи зоҳирӣ, ҳудуди бино, даромадгоҳҳо ва дигар ҷойҳои умумии хона бошанд, аз диққат дур монданд. Ташкилотҳои нигоҳдории манзил, бо назардошти кам шудани дотатсияи давлат, хизматрасонии моликияти умумии биноҳоро қатъ карданд. Ҳамин тариқ, моликияти умумии биноҳои истиқоматӣ бесоҳиб монд, соҳибони манзилҳо ба душ гирифтани ин бори гаронро рад карданд.

Бо қабули қонун дар бораи хусусигардонӣ, дар соҳа “бозигар” -и нав – соҳиби манзилҳо пайдо шуд, ки тағир додани тартиб ва қоидаҳои хидматрасонӣ ба биноҳои истиқоматиро дар назар дошт, аммо дар соҳа чизе тағир наёфт. Ташкилотҳои нигоҳдории манзил, аз рӯи одат, ба истилоҳ нигоҳубини биноҳоро идома доданд. Аз соҳибмулкони манзилҳо пардохти муайяне “барои фонди манзил” гирифта мешуд. Вале номгӯи хизматрасониҳои ин корхонаҳо коҳиш ёфт. Акнун, ташкилотҳои нигоҳдории манзил нумуи зоҳирии бино, даромадгоҳҳо, таҳхонаҳо, бомҳо ва дигар моликияти умумии хонаро таъмир намекарданд. Пардохти хизматрасониҳо тибқи тарофаи муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гирифта мешавад. Аммо, ин тарифҳо эҳтиёҷоти воқеии биноҳои истиқоматиро дар бар намегирифтанд, илова бар ин, тарифҳо барои ҳамаи хонаҳои як шаҳр, дар як ҳаҷм муқаррар мешуданд, ки мутобиқи ҳисоби мёна ҳисобӣ мешуд. Дар натиҷа, биноҳои нав шояд ҳеҷ гоҳ пулҳои худро дар шакли хизматрасонӣ бозпас намегирифтанд. Ниҳоят, соҳибони манзилҳо вазифадор шуданд, ки тарифҳои муқарраршударо бидуни гирифтани хизматрасониҳои воқеӣ пардохт кунанд.

Соли 2002 Иттифоқи истеъмолкунандагон, ҳамчун ташкилоте, ки манфиати истеъмолкунандагонро намояндагӣ мекунад бо ташаббуси гузаронидани ислоҳоти соҳаи нигоҳлориву идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ баромад намуд. Пас аз якчанд соли меҳнати бо ҷаҳд, ислоҳот ба сатҳи қонунгузорӣ гузашт. Ҳамин тариқ, санаи 5 агусти соли 2009 Қонуни ҶТ “Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил” қабул шуд. Қонуни мазкур ба соҳаи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ навигариҳои зиёдеро ворид сохт. Акнун соҳибмулкони манзил метавонанд, ки яке аз тарзи идоракунии бинои бисёрхонагиро интихоб намоянд – идоракунии бевосита, идоракуни тавассути ширкати соҳибмулкони манзил ва идоракуни аз ҷони ташкилоти идоракунанда. Ташаббускорони ислоҳоти соҳаи идоракунии манзил мақсад дошатнд, ки идоракунӣ на мутобиқи тарофаҳои умумӣ, балки мутобиқи смета, вобаста ба эҳтиёҷоти ҳар як бино ба роҳ монда шавад.

Новобаста аз он, ки имрӯз дар сатҳи қонунгузорӣ ҷораҳои зиёде дида шудаанд, муаммоҳои соҳа то ба ҳол ҳалли худро наёфтаанд ва дар ҳаёти истеъмолкунандагон нороҳатии зиёде пеш меоранд. Хизматрасонӣ дар соҳа то ба ҳол бо тартиби дар қонун муқарраршуда амалӣ карда намешавад. Хизматрасонӣ чун пештара мутобиқи тарофаҳои умумӣ амалӣ карда мешавад. Чун солҳои 90-ум истеъмолкунандагон оид ба хизматрасониҳо маълумот надоранд, бо сатҳи хизматрасониҳо рози нестанд ва ташкилотҳои хизматрасони соҳа бошанд, аз надонистании истеъмолкунандагон истифода бурда, фаъолияти ғайриқонунии худро давом дода истодаанд.

Барои маълумоти бештар  ба ситинодҳои зер гузаред:

 

«МАҲВИ БЕСАВОДӢ»                                                  «ҚОНУНГУЗОРӢ»                            «НАРХНОМАҲО»

«ИСТИНОДҲОИ МАНФИАТНОК»                        «МАРДУМ ҶӢ МЕГӮЯД?»                    «НАШРИЁТИ МО»

 

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,
утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон
ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137
Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11
Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru
Иттифоки истемолкунандагони Точикистона © Тахиягар: ADMIN.TJ
Ба сомона 2308 нафар ташриф оварданд
Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020