Ҳангоме, ки моли харидашуда бозпас гирифта намешавад

21.07.20220

Ба суроғаи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон аз тарафи истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Қ.Б. ариза оиди ҳифзи ҳуқуқҳояш ворид гаштааст. Истеъмолкунанда дар аризааш қайд намудааст, ки дар яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе  як адад либоси варзишии занона ба маблағи 300 сомонӣ харидорӣ намудааст. Либоси мазкурро истеъмолкунанда барои шиноси худ харидорӣ намудааст. Бинобар он, ки сохт ва шаклу духти либоси мазкур ба шиносаш писанд наомадааст, истеъмолкунанда ба фурӯшанда пас аз як рӯзи харидориаш муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки он ба моли дигар иваз карда шавад. Дар ҷавоб фурӯшанда беасос хоҳиши истеъмолкунандаро рад намудааст.

Дар асоси аризаи истеъмолкунанда, Иттифоқ иддао тартиб дода, моддаи 25-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”-ро асос намуд, зеро дар он талаботи зерин пешбинӣ шудааст: “Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад дар давоми чаҳордаҳ рўзи тақвимии ба ў супурдани моли ғайриозуқавӣ, ба шарте, ки фурўшанда мўҳлати аз ин дарозтарро таъкид накарда бошад, моли харидаашро дар ҷои харидааш ё худ дар ҷойҳои дигари таъкиднамудаи фурўшанда ба чунин моли андоза, сохт, хурд ё калон, дўхту шакл, ранг ва ё комплекти дигар иваз намуда, дар сурати фарқ кардани нархаш онро бо фурўшанда аз нав ҳисобу китоб кунад”.

Иддаои тартибдодашуда ба суроғаи фурӯшанда пешниҳод карда шуд. Пас аз баррасии иддао, фурӯшанда талаботи истеъмолкунандаро қонеъ намуда, либоси харидаи истеъмолкунандаро ба моли дигар иваз намуд.

0 0 votes
Рейтинг статьи
Subscribe
Notify of
guest

0 комментариев
Oldest
Newest Most Voted
Inline Feedbacks
View all comments

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,

утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон

ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137

Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru

Иттифоки истемолкунандагони Точикистона © Тахиягар: ADMIN.TJ
Ба сомона 2325 нафар ташриф оварданд

Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020