Кодекси нави манзили Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2022 мавриди амал қарор мегирад

02.11.20220
Дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2022 Кодекси манзили кишвар, ки аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, эътибор пайдо хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 18 март Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонд, ки тибқи моддаи 141 КМ, он аз 1 сентябри соли 2022 мавриди амал қарор дода мешавад. Таҳрири нави Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ба даст овардани манзил, истифодаи он, хизматрасонии коммуналӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии давлатии фонди манзилро танзим намуда, ба рушди соҳа нигаронида шудааст.
Кодекси нави манзили Чумхурии Точикистон аз 8 фасл, 18 боб ва 141 модда иборат буда, хукук ба манзил, муносибатҳои ҳуқуқии манзил, масъалаҳои фонди манзил, салоҳияти мақомоти давлатиро дар соҳаи сохтмони манзил, идораи манзил, пардохти коммуналӣ ва дигар муносибатҳои соҳаи ҳуқуқ ба манзилро ба танзим медарорад.
Матни Кодекси нави манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин пайванд дастрас аст: https://ichrptj.org/tj/huquq_ba_dastrasii_manzili_kofi

 

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”
0 0 votes
Рейтинг статьи
Subscribe
Notify of
guest

0 комментариев
Oldest
Newest Most Voted
Inline Feedbacks
View all comments

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,

утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон

ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137

Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru

Иттифоки истемолкунандагони Точикистона © Тахиягар: ADMIN.TJ
Ба сомона 2322 нафар ташриф оварданд

Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020