Натиҷаи пасту баланд шудани шиддати барқ

01.02.20220

Истеъмолкунанда И. А. муроҷиат намуда қайд намуд, ки дар нисфи бинои истиқоматии онҳо якбора шиддати барқ зиёд мешавад. Дар натиҷа якчанд молҳои маишии истеъмолкунанда аз кор баромадааст. Аз ҷумла телевизори тамғаи TCL, кондитсионер ва мошинаи ҷомашӯии тамғаи LG. Ҳамчунин як дона лампаи электрикии арзишаш 80 сомонӣ, ду адад лампаи арзишаш 25 сомонӣ аз кор баромадаанд.Баъди баланд шудани шиддати барқ истеъмолкунанда ба берун баромадааст, ки ҳамсоягонаш ҷамъ шуда, ҳодисаи баландшавии барқро нақл менамуданд. Истеъмолкунанда фавран ба навбатдори Шабакаҳои барқӣ занг зада, ҳодисаро хабар медиҳад. Навбатдор дархости истеъмолкунандаро қабул намуда, ҷавоб медиҳад, ки мутахасисонро равон менамояд. Пас аз чанд дақиқа мутахассисон ҳозир шуда, ба бозсозии қуттии барқии назди бино шурӯъ намудаанд. Истеъмолкунанда аз мутахасиссон сабаби якбора зиёд шудани қувваи барқро пурсон шудааст. Дар ҷавоб мутахасисон ҷавоб додаанд, ки ноқили фазаи “0” тоб наоварда сухтааст. Мутахассисони барқ ноқили “0”-ро дар ҷояш муваққатан васл намуданд. Ҳамин тариқ, барқ дар бинои истеъмолкунандагон бо муътадил дода мешавад.

Истеъмолкунанда И.А. барои таъмири мошинаи ҷомашӯӣ усторо даъват намудааст. Усто таҷҳизоти компютерии мошинаро таъмир намуда, ҳаққи корашро аз истеъмолкунанда маблағи 200 сомонӣ гирифтааст. Ҳамчунин, барои таъмири кондитсионераш истеъмолкунанда мутахассисонро аз маркази хизматрасонӣ даъват намудааст, ки барои таъмири он маблағи 350 сомонӣ харҷ намудааст. Телевизорашро бошад, бурда таъмир намуда, маблағи 200 сомонӣ сарф намудааст. Дар натиҷаи баландшавии якбораи шиддати барқ ба истеъмолкунанда зарар ба маблағи 880 сомонӣ расонида шудааст. Истеъмолкунанда бо ариза ба Шабакаҳои барқӣ оиди барқарор намудани зарари расонидашуда муроҷиат намудааст, вале талаботи ӯ қонеъ карда намешавад.Аз ин лиҳоз истеъмолкунанда аз Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки дар рӯнидани зарари ба ӯ расонидашуда мусоидат карда шавад.

Дар асоси муроҷиати истеъмолкунанда Иттифоқ ба суроғаи Шабакаҳои барқӣ иддао тартиб дода, дастрас намуд. Шабакаҳои барқӣ  дар марҳилаи тосудӣ талаботи истеъмолкунандаро қонеъ накард. Аз ин лиҳоз, Иттифоқ барои рӯёнидани зарари дар натиҷаи нуқсони хизматрасонӣ ба истеъмолкунанда расонидашуда ба суд муроҷиат намуд.

Шабакаҳои барқӣ  дар рафти мурофиаи судӣ бо истеъмолкунанда ба созиш омада, зарари моддии ба ӯ расонидашударо пурра пардохт намуд. Бо сабаби  он, ки баҳси ба миёномада аз байн рафт, парванда аз истеҳсолоти судӣ қатъ карда шуд.

0 0 votes
Рейтинг статьи
Subscribe
Notify of
guest

0 комментариев
Oldest
Newest Most Voted
Inline Feedbacks
View all comments

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,

утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон

ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137

Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru

Иттифоки истемолкунандагони Точикистона © Тахиягар: ADMIN.TJ
Ба сомона 2324 нафар ташриф оварданд

Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020