Истеъмолкунанда Ш И., истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе оиди ҳифзи ҳуқуқҳояш муроҷиат намуда қайд кардааст, ки ҳуқуқҳои ӯ аз ҷониби дӯзанда дағалона поймол гардидаанд, зеро номбурда дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм, ки дар он, тавсияҳои зиёд ва нафарони зиёд обуна шудаанд, худро тарроҳи мӯд ва дизайнери либосҳои хориҷиву аврупоӣ муаррифӣ намуда, дар ин саҳифаи худ корҳои ба худаш тааллуқ надоштаро ҳамчун маҳсули кори худ гузоштааст.
Истеъмолкунанда ин ҳолатро аз он пай мебарад, ки дар саҳифаи мазкур ба дӯзанда навори яке аз либосро, ки худи дӯзанда онро гузошта будааст ва маҳсули кори худ муаррифӣ намудааст, нишон дода хоҳиш намудааст, ки ҳамин гуна либос ба ӯ дӯхта шавад. Дӯзанда фармоиши истеъмолкунандаро қабул намудааст. Баъди қабули фармоиш, истеъмолкунанда ба дӯзанда 80% маблағи ҳаққи кор ва куртаи фармоишдодаро, ки маблағи 250 сомониро ташкил медод, пардохт намудааст. Пас аз чанд рӯз дӯзанда ба истеъмолкунанда занг зада, хоҳиш намудааст, ки барои андозагирии курта ба назди ӯ ҳозир шавад. Истеъмолкунанда қайд менамояд, ки арзиши матоъ ба ҳаққи иҷрои кор дохил мегардид. Истеъмолкунанда матоъи пешниҳоднамудаи дӯзандаро аз назар гузаронида, муайян намудааст, ки он ба матоъе, ки дар навор дида буд мутобиқ нест. Истеъмолкунанда оиди сифати пасти матоъ ба дӯзанда норозигии худро баён намудааст. Дар ҷавоб дӯзанда иброз намудааст, ки ин матоъ дар назар арзон метобад, зеро он дарзмол карда нашудааст.
Рӯзи дигар истеъмолкунанда ба назди дӯзанда барои азназар гузаронидани куртаи фармоиш додааш омадааст. Дӯзанда ба онҳо куртаи дӯхташударо нишон додааст, вале он ба куртаи дархостнамудаи истеъмолкунанда тамоман монанд набудааст. Аз ин ҷо истеъмолкунанда дарк намудааст, ки ӯро ба маблағи 250 сомонӣ дӯзанда фиреб додааст. Истеъмолкунанда якчанд хатогиҳои дӯхти куртаро ба дӯзанда нишон дода, хоҳиш намудааст, ки иҷозат дода шавад, то онҳоро бо телефони худ сурат гирад. Дар ҷавоб дӯзанда хоҳиши истеъмолкунандаро қатъиян рад намудааст. Бинобар рад шудани хоҳишаш, истеъмолкунда аз дӯзанда бозпас гардонидани маблағи пардохтнамудаашро талаб намудааст. Дар ҷавоб дӯзанда талаби истеъмолкунандаро рад намуда, қайд намудааст, ки бо шарти пурра пардохт гардидани маблағи курта, иҷозат дода мешавад, ки истеъмолкунанда онро бо чандин нуқсониҳояш гирад. Бар замми, ин дӯзанда бо истеъмолкунанда муносибати дағалона намуда, ӯро аз хонааш берун намудааст.
Аз ин лиҳоз, истеъмолкунанда аз Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки дар рӯёнидани зарари ба ӯ расонидашуда мусоидат намояд.
Дар асоси аризаи истеъмолкунанда, Иттифоқ ба Прокуратура муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки нисбати дӯзанда барои фиреби истеъмолкунанда чораҳои қонунӣ андешида шуда, зарари ба истеъмолкунанда расонида рӯёнида шавад.
Баъди баррасии ариза аз ҷониби Прокуратута, дӯзанда зарари ба истеъмолкунанда расонидаашро баргардонид.