БОМПӮШИ БЕСИФАТ

12.10.2021

Ба суроғаи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон шаҳрванд У. И., истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат оид ба ҳифзи ҳуқуқҳояш ҳамчун истеъмолкунанда муроҷиат намуд. Номбурда дар аризааш қайд намудааст, ки дар яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе 50 адад масолеҳи сохтмонии бомпӯш (шифер) харидааст. Масолеҳи харидаашро ба шаҳри Ваҳдат   бурда, аз хизматрасонии усто истифода бурда, онҳоро насб намудааст. Бо гузаштани ду ҳафта пас аз насб, ҳамаи бомпӯшиҳо (шиферҳо) кафидаанд. Барои рӯёнидани зарари расонидашуда ва барқарор намудани ҳуқуқҳояш ҳамчун истеъмолкунанда, ӯ аз Иттифоқ мусоидат намуданро хоҳиш намуд.

Дар асоси муроҷиати истеъмолкунанда Иттифоқ ба суроғаи фурӯшанда иддао тартиб дода, шуда ба суроғаи фурӯшанда дастрас карда шуд. Бо гузаштани муҳлати дар қонун пешбинишуда, фурӯшанда ба иддао ҷавоб надод. Иттифоқ барои рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавии ба истеъмолкунанда расонидашуда ба суд муроҷиат намуд.

Фурӯшанда дар рафти мурофиаи судӣ бо истеъмолкунанда ба созиш омада зарари моддӣ ва маънавии ба истеъмолкунанда расонидашударо пурра пардохт намуд.

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,

утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон

ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137

Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru

Иттифоки истемолкунандагони Точикистона © Тахиягар: ADMIN.TJ
Ба сомона 2325 нафар ташриф оварданд

Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020