Моҳи ноябри соли 2020 Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон барои аъзоёни шабакаи ихтиёриёни “barknest.tj”, ки 60 истеъмолкунандагонро аз ҳама шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ муттаҳид менамояд, чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи барқтаъминкунӣ баргузор намуд. Ин шабакаи ихтиёриён соли 2012 бо мақсади мониторинги барқтаъминкунӣ ва пешниҳоди маълумоти мушаххас, тасдиқшуда ба шахсони манфиатдори Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Чорабиниҳо бо мақсади беҳтар намудани дониш дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи барқтаъминкунӣ, инчунин оид ба муҳокимаи масъалаҳои хомӯшкунии барқ дар деҳотҳо, гузаронида шудаанд. Дар рафти чорабиниҳо бо аъзоёни ихтиёриёни шабака масъалаҳо ва мушкилотҳои зерин, ки истеъмолкунандагон дар таҷриба рӯ ба рӯ мегарданд баррасӣ карда шуданд:
- Маҳдудкунии таъмини барқ аз аввали моҳи ноябри соли 2020;
- Пешниҳоди ҳисобии беасос;
- Талаби пардохт барои талафоти техникии барқ;
- Хомӯшкунӣ бе огоҳонӣ;
- Шиддати пасти барқ дар шабака;
- Пасту баландшавии шиддати барқ (аз кор баромадани техникаи маишӣ);
- Сарбории зиёд ба трансформаторҳо бо сабаби пайвастшавии биноҳои нав;
- Иваз, таъмир ва стандартизатсиякунонии ҳисобкунакҳо аз ҳисоби истеъмолкунандагон;
- Хориҷ намудани беъзе категорияҳои имтиёдорон.
Дар чорабиниҳо ба ихтиёриён маълумот оид ба воситаҳои худмуҳофизати истеъмолкунандагон, аз ҷумла, маълумот дар бораи қоидаҳои навиштани ариза ва иддао пешниҳод карда шуд.
Инчунин, ба саҳми иштирокчиён сомонаи нав, беҳтаркардашудаи Иттифоқи истеъмолкунандагон istemol.tj пешниҳод карда шуд, ки диққати махсус ба бахши “Барқтаъминкунӣ” дода шуд. Маҳс дар ҳамин бахш, дар ҳар гуна шакл дилхоҳ шахс метавонад бо ҳолати воқеии барқтаъминкунӣ дар ҷумҳурӣ, дар мониторинге, ки мустақиман ҳар як аъзои ихтиёриёни шабака ҷалб карда шудааст, шинос гардад. Дар ҷамъбасти чорабиниҳо ба иштирокчиён буклет ва брошюраҳои маълумотии гуногун, ки онҳо метавонанд ҳангоми мубодилаи дониш бо истеъмолкунандагони ноҳияи худ истифода намоянд, тақсим карда шуд.
Чорабиниҳои мазкур дар асоси лоиҳаи “Пешбарии ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии истеъмолкунандагон тариқи мониторинги сифати хизматрасонии барқтаъминкунӣ ва дастгирии иштироки ҷомеа дар ислоҳоти соҳаи электроэнергетика” ташкил ва гузаронида шудаанд.