Агар моли харидашуда мувофиқ наомад, чи бояд кард?

15.10.2020

Агар шими ҷинсе, ки Шумо харидед ба шумо як андоза хурд бошад, чи бояд кард? Ё ин ки пойафзоле, ки Шумо барои тӯҳфа ба хоҳаратон харидед ба ранги куртааш мувофиқ наомад? Дар чунин ҳолатҳо мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандгон» дар моддаи 25 оид ба «Ҳуқуқи истеъмолкунанда барои иваз намудани моли дорои сифати матлуб», оварда шудааст, ки ҳангоми шаклу намуд, ранг ва андозаи моли ғайриозуқавӣ мувофиқ наомада бошад, Шумо ҳуқуқи дар мӯҳлати 14 рӯз иваз кардани онро доред.

Моле, ки шумо иваз кардани ҳастед, аз нав ба фурӯш гузошта мешавад. Бинобар ин, на ҳама мол иваз карда мешавад. Моле ки ҳангоме пӯшида дидан сифати истеъмолиаш паст мешавад (мисол: ҷуробҳо, либосҳои тагпуш) иваз ё бозпас гардонида намешаванд.

Агар шумо маҳсулоти хушсифатро иваз карданӣ бошед, дар хотир доред:

1. Маҳсулот набояд истифода бурда шуда бошад. Агар шумо пойафзолро се рӯз пӯшида бошеду, аз сабаби маъқул набудани рангаш иваз кардани бошед, он иваз карда намешавад.

2. Фаромуш накунед – моли хушсифат бояд иваз карда шавад ба шарте, ки мол мавриди истифода қарор нагирифта, хосиятҳои истъемолаш осеб надида бошанд. Аз баски, фурӯшанда моли гардонидаро боз ба фурӯш хоҳад гузошт. Ҳангоми баргардондани мол дар он бояд тамғаи истеҳсолкунанда мавҷуд буда, қолаби он бояд вайрон нагашта бошад, зеро фурӯшанда ин молро боз ба фурӯш хоҳад гузошт.

3. Албатта чеки хазинавӣ ё квитансияро, ки дар он рӯз ва нархи маҳсулот дарҷ шудааст Шумо бояд нигоҳ доред. Ин ба Шумо барои исбот кардани он, ки кай, аз куҷо ва аз кадом фурӯшанда, чи хел молро Шумо харидаед.

Ҳангоме, ки агар моли ба Шумо лозим (андоза, модел, артикул) ҳангоми муроҷиат карданатон дар фурӯш набошад, Шумо метавонед мувофиқи моддаи 25-уми Қонуни болодарҷшуда, шартномаро бо фурушанда бекор кунед ва баргардонидани маблағатонро талаб намоед ё ҳангоми ворид гашнати моли ба Шумо муносиб, онро дар навбати аввал иваз намоед.

Дар хотир дошта бошед, ки Шумо ин талаботҳоро танҳо бо маҳсулоти хушсифате, ки ба шумо мувофиқ наомад, истифода бурда метавонед. Доир ба маҳсулоти бесифат бошад- мавзӯи алоҳида аст, ки оиди он мо дар маводи дигар маълумот хоҳем дод.

Суроға
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, х. Рӯдаки 137,

утоқи 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Суроғаи электронӣ
consunion@mail.ru
Хабарҳои моро пайгирӣ кунед.
Суроға
734002, Тоҷикистон

ш.Душанбе, к.Рӯдаки 137

Офис 501
Тамос бо мо
Тел: + 992 (37) 224 14 11

Факс: + 992 (37) 224 14 04
Email
consunion@mail.ru

Иттифоки истемолкунандагони Точикистона © Тахиягар: ADMIN.TJ
Ба сомона 2325 нафар ташриф оварданд

Copyright © Consumers Union of Tajikistan 2020