“Манфиатдор нестем, аммо вазъ талаб мекунад”. “Барқи Тоҷик” аз эҳтимоли норасоии мавсимии неруи барқ хабар дод
Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома аҳолиро аз эҳтимоли норасоии мавсимии неруи барқ огоҳ карда, эътироф намудааст, ки манфиатдори ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ нест, аммо вазъ инро талаб мекунад. Ин муроҷиат дар пайи шикояти сокинони баъзе манотиқи кишвар аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ нашр мешавад. Дар муроҷиатномаи ҶСК “Барқи Тоҷик”,...